«Толибон» вакилони парлумонро ҳадаф қарор донанд
Дар шаҳри Кобули Афғонистон дар як таркиш дасти кам се нафар, аз ҷумла як вакили порлумон захмӣ шудааст.
Муовини вазири корҳои дохилии Афғонистон Наҷиб Данӣ мегӯяд, дастгоҳи тарканда дар зери пул насб шуда буд. Таркиш, ба эҳтимоли зиёд, мошини вакили порлумон Факурӣ Биҳиштӣ ҳадаф доштааст.
Раиси пулиси Кобул Абдураҳмон Раҳимӣ хабар медиҳад, ки таркиш дар минтақаи Дашти Барчӣ сурат гирифтааст. Биҳиштӣ ҳангоми рух додани таркиш сӯи порлумон равона буд. Миёни захмиён писари вай низ ҳаст.
То кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Ҳафтае пеш се ҷангҷӯи ҳаракати «Толибон» ба манзили вакили дигари порлумон ҳамла бурданд, ки дар натиҷа ҳашт сокини осоишта кушта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ