Толибон ВВС-ро чашми дидан накарданд

Толибон нашри барномаҳои телевизиони BBC-ро дар Афғонистон манъ карданд. Дар ин бора ВВС-и форсӣ хабар медиҳад.

Телевизиони ВВС дар чанд соли ахир бар асоси қарордод барномаҳои форсиву пашту ва ӯзбекияшро дар бархе аз шабакаҳои телевизионии Афғонистон нашр мекард. Ин барномаҳои ВВС аз сӯйи телевизиони ВВС-и форсӣ таҳия мешуданд.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, «Толибон» ба телевизионҳои маҳаллӣ дастур додаанд, ки аз нашри барномаҳои телевизионҳои байналмилалӣ, аз ҷумла BBC худдорӣ кунанд. Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз BBC ҳамчунин телевизиони «Ошно»-и «Садои Амрико» ҳам барномаҳояшро дар бархе аз телевизионҳои маҳалии Афғонистон бознашр менамояд.

BBC мегӯяд, ки пас аз ин дастури Толибон нашри барномаҳои хабарии телевизионҳои форсӣ, пашту ва ӯзбекии ин телевизион дар ин кишвар қатъ шудааст.

Ториқ Кафола, раиси бахши барномаҳои ғайриинглисии BBC гуфтааст, ки ин як таҳаввули нигаронкунанда аст ва дар ҳоле рух медиҳад, ки мардуми Афғонистон дар вазъияти нобасомону номушаххасе умр ба сар мебаранд.

Ин масъули BBC аз Толибон хостааст, ки ин тасмимашонро бознигарӣ кунанд ва иҷоза диҳанд, ки расонаҳои ҳамкори BBC дар Афғонистон фавран ба пахши барномаҳои BBC оғоз кунанд.

Толибон то кунун дар ин бора изҳори назаре накардаанд.

Барномаҳои хабарии форсӣ, ӯзбекӣ ва паштуи BBC-ро шабакаҳои «Орзу», «Ориёнонюс», «Шамшод» нашр мекарданд. 

Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон дар робита ба ин тасмими Толибон изҳори нигаронӣ намуда, онро «як таҳаввули дилхароши дигар» номидааст.

Пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон як қисме аз расонаҳо аз миён рафтаанд. Толибон барои расонаҳои Афғонистон ҳам шартҳои сахтгиронае пеш гузоштаанд. Аз ҷумла, ҳузури занони хонандаи хабарро дар телевизионҳои маҳаллӣ манъ карда ва дастур додаанд, ки шабакаҳои Афғонистон аз нашри серёлҳои хориҷӣ даст бикашанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *