«Толибон» як гурӯҳи ситамгар аст вай ҳич раҳме ба кӯдакон, занон ва пиронсолон надорад
Як фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, «Толибон«* як гурӯҳи ситамгар аст ва аъзои он ба ҳеҷ кас, аз ҷумла кӯдакон, занон ва пиронсолон раҳм намекунанд.
Ғанӣ Андаробӣ, фармондеҳи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати Миллӣ дар Андароб, гуфтааст, ки ӯ дар кӯҳдоманаҳои Андароб буда бо нерӯҳояш таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд бар зидди «Толибон»* меҷангад, навиштааст Sputnik Афғонистон ба нақл аз independent форсӣ.
Андарабӣ дар посух ба суоли он ки чӣ тавр ӯ ва нирӯҳои таҳти фармондеҳии ӯ ба «Толибон»*, ки тавоноии фаровони ҳарбӣ ба даст овардаанд ва тамоми Афғонистонро ишғол кардаанд, муқовимат карда метавонанд, гуфт: «Толибон»* як гурӯҳи ситамгар аст ва аъзои он ба ҳеҷ ваҷҳ касе раҳм намекунад, аз ҷумла кӯдакон, занон ва пиронсолон. Ҷиноятҳое, ки «Толибон»* дар Андароб содир кардаанд, мардумро ба муқовимат бармеангезад. Нерӯҳои «Толибон»* дар марказҳои шаҳри Андароб даст ба интиқомҷӯӣ, куштор, ситам, харобкорӣ ва ғорат заданд.»
Ба гуфтаи Ғанӣ Андаробӣ, «Толибон»* бо интиқом ва куштори ҳадафмандонаи мардуми осоишта дар зиндагии онҳо маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ кардаанд ва ҳатто хӯроки ононро низ мардум таъмин мекунанд. Бечора мардум дигар чӣ кор ҳам кунанд? Агар сарпечӣ кунанд муҷозот мешаванд.
Аз сабаби кам шудани манбаи даромади мардум, бисёр оилаҳо ба хӯроки яквақта ниёз доранд, аммо дар чунин ҳол маҷбуранд барои ҷангҷӯёни «Толибон» се хӯроки мукаммал омода кунанд.
«Толибон»* бо баҳонаҳои гуногун аз мардум пул ситонида истодаанд ва дар мавриди охирини ҷиноятҳо дар ин минтақа бошад, табибе бо номи Зайниддин ва шаш узви оилаи ӯ се рӯз пеш кушта шуданд, — мегӯяд Андаробӣ.
Зулми «Толибон»* боис шудааст, ки теъдоди зиёди одамон ба ин ҷабҳа шомил шаванд, меафзояд Ғанӣ Андаробӣ вале ӯ дар бораи теъдоди нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат маълумот надод.
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар манотиқи кӯҳистонии шаҳристонҳои Бану, Деҳсалоҳ ва Пули Ҳисор фаъоланд ва ҷанги онҳо то пурра озод шудани Афғонистон идома хоҳад ёфт,-мегӯяд дар суҳбаташ Ғанӣ.
То кунун нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар ду минтақаи кӯҳистонӣ фаъолият ва муқовимати худро бар зидди «Толибон»* нигоҳ доштаанд. Дар паҳлӯи кӯҳи Андароб, дар кӯҳҳои Панҷшер як ҷабҳаи дигар фаъол аст, ки ҳамчун маркази фармондеҳии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ маъруф аст. Ҷабҳаи Панҷшер таҳти фармондеҳии Солеҳ Муҳаммад Ригестонӣ амал мекунад.
Ду рӯз пеш Ригестани як навор нашр кард, ки аз ҳузури худ дар сафи пеши сафҳо ва идомаи муқовимат зидди «Толибон» хабар медиҳад. Ғанӣ Андаробӣ мегӯяд, ки бо раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер дар тамос аст ва ҳама ҷабҳаҳо таҳти фармони Аҳмад Масъуд амал мекунанд.
Ёдовар мешавем, теъдоде аз фармондеҳони зидди толибҳо дар Панҷшер ва Андароб пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон бо барканории Ашраф Ғанӣ дар рӯзи 15 август ба «Толибон»* иҷозаи вуруд ба минтақаҳои таҳти назораташонро надоданд.
Дар миёни онҳо Ғанӣ Андарабӣ низ буд, ки фармондеҳии нерӯҳои мардумӣ дар шаҳрҳои Пули Ҳисор, Бану ва Деҳалоҳ дар вилояти Бағлонро дар ихтиёр дошт ва ҷангиёни «Толибон»* — ро аз он шаҳрҳо ихроҷ кард. Аз 19 то 23 август дар он шаҳрҳо миёни «Толибон»* ва нерӯҳои таҳти фармони Ғанӣ Андарабӣ задухӯрдҳои шадид ба амал омаданд.
Дар пайи ҳамлаи ҳазорон ҷангҷӯи толиб нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат дар он минтақа таҳти раҳбарии Ғанӣ Андаробӣ ба кӯҳҳои Андароб рафтанд ва то ҳол дар манотиқи кӯҳистонӣ ҳузур доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ