Толибон ё ДИИШ?
Манфред Грунд бори дуюм аст, ки ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ӯ чеҳраи шинохтаи сиёсӣ дар Аврупост. Бо даъвати «Тоҷикистон» ӯ ба идораи ҳафтанома ташриф овард ва суҳбате орост, ки онро пешкаши хонандагон месозем.
Мусоҳиба бо Манфред Грунд- узви Бундестаги Олмон, сардори Раёсати коргузории фраксияи ХДС/ХСС дар Бундестаг, раиси гурӯҳи депутатҳо оид ба Осиёи Марказӣ
Манфред Грунд бори дуюм аст, ки ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ӯ чеҳраи шинохтаи сиёсӣ дар Аврупост. Бо даъвати «Тоҷикистон» ӯ ба идораи ҳафтанома ташриф овард ва суҳбате орост, ки онро пешкаши хонандагон месозем.
— Аз ташрифи қаблии шумо ба Тоҷикистон се сол сипарӣ шуд. Дар ин сафар Душанберо чӣ гуна дарёфтед?
-Дигаргуниҳо хеле зиёданд. Сохтмон бо суръати баланд пеш меравад, хиёбонҳо гулгун шудаанд, шаҳр тозаю дилрабо. Дар се сол шаҳр хеле пеш рафтааст.
— Дар ин сафар чӣ чиз бароятон хотирмон буд?
-Суҳбати муфассале дар Вазорати корҳои хориҷӣ доштам. Сипас, ба Бадахшон сафар кардам. Чандин сол аст, ки орзуи дидани ин гӯшаи Тоҷикистонро дар дил доштам. Аз ҳама бештар табиат ва мардуми тоҷик бароям писанд омаданд. Онҳо меҳмоннавозанд, ҳангоми суҳбат табассум дар чеҳраашон гул мекунад. Тоҷиконро мардуми бомаърифат дарёфтам, озод ба забони англисӣ гап задани наврасон маро ба ҳайрат гузошт.
— Ба Бадахшон бо мошин сафар доштед?
— Бале.
— Қад-қади роҳ он тарафи дарё Афғонистон аст. Ин шуморо ба ҳарос наандохт?
— Баръакс, ман хеле хурсанд будам, зеро бори аввал Афғонистонро медидам. Аҷиб буд, ки дар он тарафи дарё ҳам биноҳо қомат рост мекарданд. Ҳар ду тараф сокит, фақат садои дарё оромиро халалдор мекард. Чунин будани манзараро ҳатто тасаввур намекардам.
— Шумо акнун дар бораи Тоҷикистон аз рӯи шунидаҳо не, аз рӯи дидаҳо қазоват мекунед. Дар ин замина дурнамои хамкориҳои Тоҷикистонро бо Олмон дар чӣ мебинед?
— Бо мушкилоти Тоҷикистон аз дохил шинос гаштам. Яке аз онҳо бекорӣ миёни ҷавонон аст. Умед дорам, ки Тоҷикистон ҳалли онро пайдо мекунад. Таъмини онҳо бо ҷои кор таъмини субот аст.
— Аз нигоҳи шумо Тоҷикистон ва Олмон дар кадом самтҳо метавонанд ҳамкориро ба роҳ монанд?
— Аллакай Олмон ба соҳаҳои маориф, мудофиа, рушди инфраструктура маблағи зиёд ҷудо мекунад.Фикр мекунам дар ин самтҳо ҳамкориҳо минбаъд низ инкишоф хоҳанд ёфт. Ман бо сафири Тоҷикистон дар Олмон суҳбат доштам. Як самти дигари маблағгузории Олмон ба Тоҷикистон ҳифзи табиати зебои кишвари шумо хоҳад буд. Ҳамкориҳои парлумонӣ миёни ду кишвар низ муносиботи ҳар ду мамлакатро қавӣ месозанд. Соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад. Баъд аз баргузории интихобот мо тасмим дорем ҳайати нави парлумони Тоҷикистонро ба Олмон даъват кунем ва онҳоро бо низоми кори ин шохаи давлатдорӣ дар Олмон шинос созем.
Умуман, Олмон минбаъд дар самти маориф ва рушди касбият ҳамкориҳоро бештар хоҳад сохт. Аз ҷумла, дар соҳаи рӯзноманигорӣ. Дар нақша дорем, ки як гурӯҳ рӯзноманигорони тоҷикро бо шароити кори ҳамкасбонашон дар Олмон шинос намоем.
— Ҷаноби Манфред, шумо шахси калидӣ дар фраксияи ХДС/ХСС дар Бундестаг, раиси гурӯҳи депутатҳо оид ба Осиёи Марказӣ мебошед. Албатта, пайваста ба масоили доғи ин минтақаи ҳассос таваҷҷуҳ зоҳир мекунед, онҳоро меомӯзед ва мавриди баррасӣ қарор медиҳед. Ҳодисаҳои охирини Қирғизистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
— Албатта, ҳодисаҳои Қирғизистон таҳти муроқибат аст. Ин кишвар дар роҳи демократӣ қарор дорад, интихоботи президентӣ дар чунин як фазо баргузор гашт. Дар Қирғизистон, дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, метавонанд муқобили ҳукумат садо баланд кунанд. Ин зуҳуроти нав дар минтақа аст, ки наметавонад аз назар дур монад.
— Магар ин зуҳурот сабабгори ноором гаштани вазъият дар Осиёи Марказӣ намешавад?
— Албатта, ин хатар вуҷуд дорад. Дар Қирғизистон на танҳо қирғизҳо, балки намояндагони қавму миллатҳои дигар низ зиндагӣ доранд. Он чӣ бо Атамбоев сурат гирифт, метавонист сабабгори ҳамдигарнофаҳмӣ миёни қавмҳои сокини ин кишвар гардад.
— Ҷаноб Манфред, Осиёи Марказӣ имрӯз ба майдони талоши абарқудратҳо қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳ ба ин минтақа дар заминаи кадом арзишҳо сурат мегирад?
— Замоне ки ин кишварҳо дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, байни ҳамдигар равобити бисёр густурда доштанд. Вале 30 сол мешавад, ки онҳо соҳибистиқлоланд, дар ин муддат ҳамкориҳояшон бисёр заиф гаштанд. Муносибатҳо нав акнун шакл мегирад, Тоҷикистону Ӯзбекистон дасти дӯстӣ ба ҳам дароз карданд, ки ман онро мусбат арзёбӣ мекунам. Умед дорам, ки раванд миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ густариш меёбад. Зеро ин минтақа на танҳо аз нигоҳи захираи об, балки захираи энергетикӣ муҳим аст ва ин имконот бояд муносибати кишварҳои минтақаро мустаҳкам кунад, на ин ки миёнашон рахна занад.
— Бори дигар мехоҳам таваҷҷуҳатонро ба саволи қаблӣ ҷалб мекунам: арзишҳои кишварҳои Осиёи Миёна барои Аврупо дар чӣ ифода меёбад?
-Осиёи Марказӣ дар миёни Ҳиндустон, Чин, Покистон, Афғонистон ва Аврупо қарор дорад ва нуқтаи муҳиму нозук барои Аврупо ба ҳисоб меравад. Суботи Аврупо вобаста ба оромӣ дар ин минтақа аст. Ин минтақа дар маркази замин қарор дорад, кафили субот ва амният барои дигар кишварҳо мебошад.
— Агар чунин аст, пас чӣ бояд кард, ки дар Афғонистон оромӣ барқарор гардад. Ин масъала дар парлумони Олмон мавриди баррасӣ қарор мегирад?
— Бале, ин мавзӯи доғ дар Бундестаг аст ва зиёд мавриди баррасӣ қарор мегирад. Махсусан масъалаи хориҷ кардани неруҳои Олмон аз ин кишвар. Муҳокимаи ин мавзӯъ дар парлумони Олмон, чун дар Амрико, хеле тезутунд аст. Аммо ҳоло фурсати баровардани неруҳо фаро нарасидааст. Зеро ҳанӯз Ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” ба созиш наомадаанд. Ҳалли ихтилофоти онҳо шарти субот дар минтақа аст. Вазифаи мо ёфтани роҳҳои ҳалли инҳост. То замоне ки хатари таҳдиди “Толибон” вуҷуд дорад, масъалаи хурӯҷи неруҳо низ зери суол аст.
— Ҳалли қазияи Афғонистонро дар чӣ мебинед?
— Дар ҷоннок кардани ҳаракатҳои мардумӣ ҷиҳати ба эътидол овардани таъсири “Толибон” ва Ҳукумати Афғонистон. Ҳамчунин, низоми ҷамъиятӣ.
-ДИИШ дар Афғонистон мустақар шудааст.Ҳузури он дар ин ҳамсоякишвар барои Тоҷикистон хатар эҷод мекунад. Чӣ бояд кард?
— Давлати исломӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои Ӯзбекистон, умуман минтақа хатарзост. Мавзӯъ сари интихоб меравад: “Толибон” ё Давлати исломӣ?Давлати исломӣ бисёр хашан (агрессивӣ) аст. Фикр мекунам халосӣ аз он танҳо аз роҳи низомӣ имконпазир аст.
— Баъзеи кишвархо исломро ҳамчун силоҳи мубориза бар муқобили ҳамдигар истифода мебаранд. Ин роҳ то кадом андоза барои амнияти кишварҳои Аврупо, билхоса Олмон, ки борҳо мавриди ҳамалаҳои терорристӣ қарор гирифтааст, бехатар хоҳад буд?
— Ин роҳ на танҳо барои Олмон хатаровар аст. Масъалаи аввалиндараҷа барои Олмон террористони олмонӣ ҳастанд, ки дар Шому Ироқ ҷангиданд. Ҳоло ҷанг дар ин кишварҳо хотима ёфт, низоъ аз байн рафт. Бояд онҳо ба ҳаёти маъмулӣ баргардонида шаванд, бо оила, ҷомеаи кишвар бипайванданд. Ин ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам тааллуқ дорад. Ин кор ба он хотир анҷом дода мешавад, ки онҳо дар ҷомеа хатар эҷод накунанд.
Олмон дар роҳи сулҳ қарор дорад ва роҳи ҳалли сулҳомези масъаларо пайгирӣ мекунад.
Мусоҳиб
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ