Толибон зинда ба зинда як занро сӯзониданд
Аз чунин як даҳшати гӯшношунид, The New York Post: хабар додаст, ки Толибон як занро ҳангоми хӯроки нисфирӯзии “бемазза” пӯхтанаш зинда ба зинда сӯзонданд. Худоё ин чӣ даҳшат!
Ҳомиёни маъруфи ҳифзи ҳуқуқи башар мегӯянд, ҷангҷӯён зӯровариро алайҳи занони афғон идома медиҳанд ва занону духтарони муштипари ин сарзамин доранд ҳарррӯз аз тарсу ҳарос сад бор мурдаву зинда мешаванд.
Ҷонибдорони ҷунбиши радикалии Толибон, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъанд, як зани ҷавонро дар шимоли Афғонистон ба хотири дастархони бемазза зинда ба зинда сӯзонданд. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқ ва додраси собиқ Наҷла Аюбӣ хабар дод. Суханони ӯро The New York Post айнан иқтибос овардааст.
Аюбӣ гуфт, ки духтар зери фишору таъзиқ маҷбур шудааст барои ҷангҷӯён хӯрок пазад, аммо ғизои соҳибхоназани ҷавон ба онҳо писанд наомадааст. Инро баҳона карда радикалҳо гуфтанд, ки вай «хӯрокӣ бемазза пухт» ва сипас ӯро зинда ба зинда алов задаанд.
Ҳомии ҳуқуқ, меафзояд, ки ин бори аввал нест, ки Толибон алайҳи духтарони афғон бедодагиву хушунат мекунанд. Аюбӣ иддао дорад, ки радикалҳо ҷавонзанонро ба ғуломӣ бурда, ба тобутҳо ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон мефиристанд.
Қаблан даҳшонияти ин гуна ҳолатҳоро Daily Mail бо такя ба манобеи худ хабар дода буд. Нашрия қайд кардааст, ки ҷангҷӯён аз пирони минтақаҳои забтшуда рӯйхати духтарону занонро талаб карда, онҳоро бо ҳазору анд азоби амлиме барои издивоҷ ба сарбозони худ маҷбур кунанд.
Чунин ваҳшоният ва ҷоҳияти пештар танҳо ба наврасон ва занони аз 15 то 45 сола дахл дошт, аммо ҳоло бошад кӯдакони 12-соларо низ ба ғуломӣ мебаранд.
Ростӣ аз ин дард вуҷудат саропо оташ мегираду бедуд месӯзӣ. Ин даҳшатест, ки гӯши кас аз шуниданаш ба дард омада хашму ғазабро ба ҷӯш меоварад. Магар бо чунин рафторашон ин ҷоҳилтабиатон метавонанд,ки ҳукуматдорӣ намоянд? Ҷомеаи ҷаҳонӣ чаро дар қиболи чунин як бераҳмии ваҳшиёна хомӯшӣ ихтиёр карда? Он ҳукумату созмонҳои башарӣ ки чунин вуҳуштинатонро пуштибонӣ мекунанд, магар сари тарс аз он надоранд, ки фардо ин мусибат сари онҳо бор хоҳад гашт? Ва ин тақдири зани бегуноҳи афғон болои хоҳару модару духтари онҳо фурӯ резад?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ