Толибон зиндониёро гурезониданд. Сегоникҳо дар Мазори Шариф гирдиҳам омаданд

Тибқи охирин хабарҳо, шаҳри Файзободмаркази вилояти Бадахшони Афғонистон ба тасарруфи гурӯҳи Толибон даромадааст. Ҳамчунин шаби гузашта Толибон шаҳри Пули Хумрӣмаркази вилояти Бағлонро ишғол карданд. Дар ҳамин ҳол, президент Ашраф Ғанӣ барои баррасии вазъ ба Мазори Шарифмаркази вилояти Балх, рафтааст.

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳо гуфтанд, ки дар пайи ақибнишинии нерӯҳои давлатӣ, марказҳои вилоятҳои Бадахшон ва Бағлон бе даргирӣ ба контроли Толибон даромадааст. Ба гуфтаи ин манбаъҳо, нерӯҳои давлатии Бадахшон ба ноҳияҳои Кишм ва Фархор ақибнишинӣ кардаанд ва Толибон бинои ҳукумати вилоят, фармондеҳии пулиси Файзободро гирифтанд. Бархе манбаъҳо гуфтанд, ки Толибон дарвозаҳои зиндони Бадахшонро боз карданд ва ҳамаи зиндониён фирор кардаанд.

Қаблан ҳамаи вулусволӣ ё ноҳияҳои вилояти Бадахшон ба дасти Толибон афтода буд. Вулусволиҳои Ишкошим, Шуғнон, Моймай, Нусай, Шикай, Куфоб ва Хоҳони Бадахшони Афғонистон бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд.

Ба гуфтаи манобеъ, нерӯҳои давлатии Афғонистон аз Пули Хумрӣ ақибнишинӣ кардаанд ва Толибон шоми гузашта дохили ин шаҳр шуданд. Ин шаҳр аз мавқеияти муҳими стратегӣ бархӯрдор аст ва рафтуомад аз вилоятҳои шимолӣ ба Кобул аз ин тариқ сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, бо шиддат гирифтани ҳамлаҳои Толибон дар шимоли Афғонистон, президенти кишвар Ашраф Ғанӣ субҳи чаҳоршанбе ба Мазори Шариф рафтааст. Рӯзи гузашта Маршал Абдурашид Дӯстум ҳам ба Балх рафт. Қарор аст имруз барои баррасии вазъ дар шимоли Афғонистон бо ҳузури Атомуҳаммади Нур, Абдурашид Дустум ва фармондеҳони низомӣ нишасте доир шавад.

Толибон қаблан иддао карданд, ки марказҳои вилоятҳои Кундуз, Сарипул, Тахор, Ҷузҷон, Самангон, Фароҳ ва Нимрузро ба тасарруф дароварданд. Ҳамакнун ҷангҳои сахт дар атрофи марказҳои вилоятҳои Ҳирот, Балх, Кандаҳор ва Фароҳ идома доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *