Толибон: Писарону духтарон дарс мехонанд, вале ҷудогона
Ҳиҷоб ба бар намудан барои донишҷӯдухтарон ҳатмӣ буда, ҳамчунин либоси онҳо бояд сиёҳ ва оддӣ бошад.
Донишгоҳи политехникии Кобул мавсими оғози дарсҳоро эълон кард.
Бино ба хабари Telegram — канали Sputnik Афғонистон, дарсҳо аз 26-уми феврал шуруъ мешаванд.
Зикр мегардад, ки дарсҳо ба ду давра тақсим шуда, бахши якум аз соати 7:30 то 10:45 ва бахши дуюм нисфирӯзӣ аз соати 11:45 то 15:25 идома хоҳанд ёфт. Бахши аввал барои духтарон ва бахши дуюм барои писарон хоҳад буд.
Магистрҳо ва ҳамчунин донишҷӯёни бахши шабона аз соати 16:00 ба дарс хоҳанд омад.
Вазорати маорифи Афғонистон мегӯяд, ки аз духтарон хоҳиш карда шудааст, то ҳатман ҳиҷоб ба сар кунанд.
Ҳамчунин, талаб намудаанд, ки либоси сиёҳи оддӣ бипӯшанд ва он набояд борику шаффоф бошад.
Аксари мактабҳо дар пойтахти Афғонистон аз замони ба сари қудрат омадани толибон дар моҳи гузашта баста шуда буданд.
Чунин иқдоми толибон вокунишҳои густардаеро ба бор овардааст. Дар робита ба ин президенти пешини Афғонистон Ҳомид Карзай гуфта буд, ки духтарони афғонистонӣ бояд ҳарчи зудтар ба мактаб баргарданд.
Замоне шахси аввал Карзай таъкид карда буд, ки Афғонистон бидуни занони маълумотдор, кишвари пешрафта нахоҳад буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ