Толибонро Карзай ба Кобул даъват кардааст, то ба бетартибиҳо хотима бахшад

Раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон мегӯяд, ки толибон Кобулро ишғол накардаанд, балки ба ин шаҳр даъват шудаанд

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон дар мусоҳиба бо хабаргузории «Associated Press» гуфтааст, ки вақте Ғанӣ фирор кард, ман аз толибон даъват кардам, ки бесарусомониро қатъ кунанд ва дар бораи ояндаи Афғонистон Луи Ҷирга таъсис диҳанд.

Номбурда дар мусоҳибааш гуфтааст, ҳамаи мо бояд вазъро дарк кунем ва иштибоҳҳои содиркардаамонро ислоҳ намоем.

Тибқи гуфтаи ӯ, толибон пойтахти Афғонистонро нагирифтанд, балки даъват шуда буданд: «Баъди пинҳонӣ ва ногаҳон рафтани Ашраф Ғанӣ ман толибонро барои ҳифзи мардуми шаҳр даъват кардам».

Рӯ ба фирор: 650 нафар дар тайёраи боркаш

Карзай гуфт, ки ман ин корро кардам, то шаҳр дучори бетартибӣ ва ғорати мардуму давлат нашавад.

Вақте ки Ғанӣ рафт, маъмурони амниятии ӯ низ рафтанд. Вазири дифоъ Бисмиллоҳхон ҳатто аз Карзай пурсид, ки оё мехоҳад Кобулро тарк кунад. Карзай ба ӯ занг зад, то бифаҳмад, ки аз ҳукумат чӣ боқӣ мондааст. Маълум шуд, ки касе, ҳатто сардори пулиси Кобул набудааст, менависад «Associated Press».

Карзай, ки 13 сол пас аз барканории ҳукумати пешини толибон дар пайи ҳамлаҳои 11 сентябр раисиҷумҳур буд, ин дафъа аз хуруҷ худдорӣ кард.

Магар имрӯз Карзай аз ин даъвати хеш розӣ ҳаст?  Оё он чӣ ӯ интизорӣ дошт амалӣ гашт? Бо ин бесару сомониҳои Толибон Карзай чигуна баҳо медода бошад? Гуруснагиву фақр ва маргу мир аз нодорӣ дар Афғонистонро магар Толибон сари мардуми афғон бор накарданд? Оё имрӯз Карзай чи тавре, ки Толибонро даъват карда овард метавониста бошад, ки онҳоро  аз Кобул  ронад?!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *