Толибонро киҳо ва чиҳо дубора зинда карданд?
Посух ба ин пурсиш басо осон менамояд ва шояд зуд бигӯед, Толибонро, ки аз Покистон зуҳур карда буданд, ҳамин кишвар бо ёрии бархе кишварҳои дигар дубора зинда кард.
Бале, таври маълум, пас аз ҳамлаи террористии ҳавопаймоҳо ба ду бурҷи бузурги Амрико, ин кишвар барои торумор кардани ин созмони террористӣ, ки замоне худ бо ҳамдастии Покистон ба вуҷуд оварда буд, даст ба кор шуд ва дере нагузашта бо ёрии неруҳои муқовимати Шимол Толибон шикаст дода шуд. Вале дар солҳои баъд ин созмон боз оҳиста -оҳиста зинда шуд ва дар Хуросон (Афғонистон) ба амалҳои ваҳшиёнааш оғоз кард. Дар он замон ҳам паноҳгоҳи асосии Толибон Покистон буд ва ағлаби раҳбарони ин созмони террористӣ дар ин кишвар истода, ба амалҳои ваҳшиёна дар Хуросон раҳбарӣ мекарданд.
Ҳамчунин, толибони захмишуда ба Покистон интиқол дода шуда, дар он ҷо табобат меёфтанд… Яъне, Покистон ба гунаи ошкор бо ҳамдастии чанд кишвари дигар барои дубора зинда гардидани гурӯҳи террористии Толибон нақши калидӣ бозид. Вале пурсиши асосӣ ин ҷост, ки агар неруҳои байналмилалӣ дар муборизаашон алайҳи терроризм содиқ мебуданд ва дар ин роҳ дигар нақшаҳои пасипардагӣ намедоштанд ва ҳамчунин ҳукумати Афғонистон ҳам дар давраи Ҳомид Карзай ва ҳам дар давраи Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай (бале Аҳмадзай, на Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки ин номро раиси ҷумҳури тақаллубӣ ва тавофуқии Афғонистон барои фиреби мардум ба худ гирифта буд) Толибонро душмани мардуми кишвар дониста алайҳаш набарди воқеиро ба роҳ меандохтанд, магар Толибон, ин мурдаи бадномшуда дубора ҷон мегирифту имрӯз Кобулро тасарруф мекард? Вале ҳам Карзай ва ҳам Ғанӣ ҳеч чунин барномае алайҳи Толибон надоштанд ва баръакс онҳо ба гунаи пинҳонӣ ин созмонро чун ҳамқавму ҳамандешаи қавмгаро пуштибонӣ мекарданд ва ҳамзамон мекӯшиданд, ки ошкору ниҳон тоҷикону дигар ақвоми ғайрипаштунро аз арикаи қудрат дур бияндозанд то ҳама барномаҳои қавмгароёна ва зиддимардумии худро ба осонӣ амалӣ бикунанд. Онҳо дар ин роҳ ба ҳомиёни хориҷиашон алайҳи мардуми ғайрипаштун ва ба вижа тоҷикон бадгӯиҳо мекарданд ва ҳам чун раиси ҷумҳури кишвар(!) савганд хӯрда буданд, ки на барои ободиву озодии кишвар ва осудагии ҳама ақвоми он, балки барои нобудии тоҷикон ҳама кори аз дасташон меомадаро мекунанд. Нахуст аз ин “корнома” –и Ҳомид Карзай ҷумлае чанд баён мекунем.
Роберт Гейтс: Толибонро дар шимол Карзай ҷобаҷо кард
Роберт Гейтс вазири дифои пешини Амрико дар китоби хотироташ гуфта, ки Ҳомид Карзай (раиси ҷумҳури пешини Афғонистон) аз ҳамон солҳои даври дуюми ҳукуматаш, ба ҷобаҷоии Толибон дар Шимол оғоз кард. Раиси пешини Пентогун ҳамчунин дар ин китоб навишта, ки Карзай дар як нишасти маҳрамона дар Арги Кобул, аз ман хоста то дар аз байн бурдани сарони Ҷабҳаи Шимол ва тазйифи онҳо бо ӯ ҳамкорӣ намоям.
Дар ин китоб омадааст: “Карзай ба ман гуфт: Бузургтарин таҳдид дар баробари ҳукумати ман ҷабҳаи Шимол аст, на Толибон”. Бар асоси навиштаи Гейтс, Карзай афзуд, ки “ ҳадди ақал дасти маро дар тақвияи Толибон боз бигзоред то битвонам аз ин тариқ туфангсолоронро(манзураш сарварони Ҷабҳаи Шимол аст—шарҳи муаллиф) аз байн бибарам….
Сиёсатмадори амрикоӣ меафзояд, ки дар он солҳо ба нуқоти гуногуни Шимол аз Покистон ҳазорон афғон( паштун) бо хонаводаҳояшон ҷобаҷо карда шуданд ва бештари онҳо ба Толибон пайвастанд ва аз ҷониби ҳукумати Карзай пуштибонии молӣ ва низомӣ диданд.
Ҳамчунин, он солҳо Карзай дар забон алайҳи Толибон, вале дилаш чун ҳамеша ҳамроҳи он ҷинояткорон буд. Агар хонандаи гиромӣ ёд дошта бошад, чун он солҳо сарбозони амрикоӣ бо силоҳи замонавӣ алайҳи Толибон чанд амалиёти шабонаи низомии бобарор анҷом доданд, Карзай эътироз кард ва нагузошт, ки он амалиёт идома пайдо кунад ва ба бародарони норозии Толибаш зараре бирасад.
Ӯ чунин фаъолияти толибпарварона ва зиддитоҷиконаи хешро ҳанӯз дар соли 2001, ки пас аз шикасти Толибон ба дасти Ҷабҳаи Шимол ва неруҳои амрикоӣ дар Бонн бо тақаллуб ва дахолати бевоситаи Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистон сари қудрат омада буд, оғоз кард ва дар ин кор маслиҳатгар ва раҳнамояш ҳамин Халилзоди ҳамқавмаш буд. Дар конфронси Бонн бояд раиси ҷумҳури қонунии Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ дар симмати хеш боқӣ мемонд ва ё сарвари ҳукумати муваққат мешуд ва баъдан интихоботи раёсати ҷумҳуриро ба роҳ меандохт. Вале он ҷо бо дахолати Халилзод ва ҳам хиёнати худи сарварони тоҷик ва ё ашхосе, ки аз номи тоҷик сӯиистифода мекарданд( Қонунӣ, Абдулло, Фаҳим…) роҳи тоҷикон баста шуд. Ҳамчунин Халилзод ҳатто иҷоза надод, профессур Абдусаттор Сират, ки раиси ҳайъати Зоҳиршоҳ дар конфронси Бонн буду дар ройдиҳӣ барои раиси ҳукумати муваққат пирӯз гардида буд( 11 рой ) ба ин симмат бирасад. Баръакс Халилзод бо ҳамдастии чанд тоҷики фурӯхташуда Ҳомид Карзайро , ки пешинаи танготанге бо Толибон дошту ононро дӯсти худ мешуморид ва дар ройдиҳии Бонн ҳамагӣ 3 рой гирифта буд, сарвари ҳукумати муваққат таъин кард. Ҳарчанд ҳам Халилзод ва ҳам сарони Муқовимати Шимол медонистанд, ки Карзай дӯсти Толибон аст ва ӯ онҳоро дастгириву ёрии низомӣ кардааст. Зеро ба ҳамагон рӯшан буд, ки ӯ соли 1994 пас аз канор рафтанаш аз мақоми муовини вазири хориҷа дар ҳукумати Бурҳонидддин Раббонӣ дар Қандаҳор бо Мулло Умар,сарвари Толибон вохӯрда ба онҳо пайваста буд. Дар бораи ин гурӯҳи террористӣ худи Карзай ҳамон замон чунин гуфта буд: “Онҳо одамони хуб ва содиқ буданд. Онҳо дӯстони ман дар даврони ҷиҳод алайҳи Шӯравӣ буданд. Онҳо ба наздам омада аз ман ёрӣ хостанд. Ман ба онҳо пул додам ва анбори аслиҳаеро, ки дар ихтиёр доштам, ба онҳо супоридам.”
Ба гунае ки ишора кардем, ҳамин садоқат ба толибони ҳамқавм ва ҳамон эҳсоси бадбинӣ ва душманӣ бо тоҷикон ва ақвоми дигари ғайрипаштун ӯро то имрӯз ҳамроҳ аст . Ҳамин мавқеъгириаш буд, ки ӯ чун Ғании ҳамандешааш дар мактаби қавмгароии паштунӣ, барои ба иҷро расонидани барномаи қавмгароёнаи “Дуйча сақавӣ”(Сақавии дуюм), ки аз ҷониби гурӯҳи қавмгарои паштун (Сулаймон Лоиқ, Исмоили Юн, Бории Ҷаҳонӣ…) тартиб дода шуда буд, талош мекард. Яке аз нуктаҳои калидии ин барнома ҷойгузин кардани кӯчиёни хокироҳ, ки бас хоки моро бехта буданд(фармудаи устод Лоиқ) , ба Шимоли кишвар, ба он ҷойҳое, ки тоҷикон ва ақвоми дигари ғайрипаштун зиндагӣ мекарданд ва ҳам ба ҳошия рондану ҷисман нобуд кардани онҳо буд. Ӯ ин барномаи шумро басо ҳушёрона, эҳтиёткорона ва пинҳонӣ амалӣ мекард. Дар натиҷа дар Шимол чандин деҳаву дар шаҳрҳо минтақаҳои паштунишин пайдо гардиданд, ки баъдан онҳо ба пойгоҳ ва минтақаи пуштибони Толибон табдил ёфтанд.
Ҳамзамон, Карзай ҳама мақомдорони калидии тоҷикро, ки пас аз конфронси Бонн ва баъдан ҳангоми раиси ҷумҳур шуданаш дар ҳукуматаш буданд, аз вазифа сабукдӯш карда ва ба ҷояшон одамони худиаш—паштунҳоро гузошт. Бар илова, дар давраи ҳукмронии ӯ “қатлҳои занҷираӣ” ба авҷи худ расид. Устод Бурҳониддини Раббонӣ, генералҳо Довуди Довуд, Мавлоно Саидхелӣ ва чандин чеҳраҳои пурнуфузи тоҷик ва ақвоми ғайрипаштуни кишвар қурбонии ин қатлҳои тарҳрезишудаи занҷираӣ шуданд. Тибқи баъзе маълумотҳо, моршол Қасим Фаҳим, ки муовини нахусти раиси ҷумҳур буд, пас аз як соати зиёфат дар хонаи Карзай ҷон медиҳад ва ба гуфтаи бархе ҳолдонҳо як чоклете, ки Карзай дар зиёфат ба ӯ дода буд, сабаби маргаш мегардад…
Чунин бархурд бо тоҷикон ва дигар ақвоми ғайрипаштун ва лутфу марҳамат ба ҳамқавмону бародарони норозиаш Толибон ва баъдан аз ҷониби Ашраф Ғанӣ идома ёфтани ин роҳи амалӣ кардани барномаи паштунволии “Дуйча сақавӣ” сабаб гардид, ки Толибон дар ниҳоят Аргро соҳиб шуданд ва дар лаҳзаи охир ҳам Карзай садоқати худро ба ҳамқавмони террористаш нишон дод ва бар асоси бархе иттилоъҳо Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон чанд моҳи охир пеш аз расидан ба Арг дар хонаи Ҳомид Карзай паноҳ ёфта будааст.
Ҳамин хушхидматиҳои Карзайро ба ҳисоб гирифта Толибон ҳоло ӯро чун ду ҳамқавми дигарашон Абдулло ва Гулбиддини Ҳикматёр ба шӯрои раҳбарии ҳукуматашон пазируфтанд. Вале хидмати аз ин ҳам бузургтарро барои Толибон Ашраф Ғанӣ анҷом додааст, ки дар бораи корҳои пасипардагии ин бунёдкунандаи ҳукумати фарогири қавмӣ ва душмани сарсахти тоҷикон ва ҳама ақвоми ғайрипаштун баъдан маълумот медиҳем.
(Давом дорад)
Насибҷон Амонӣ, журналист
(аз саҳифаи Фейсбуки муаллиф)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ