Толорҳои алоқа – барои ҳама!
Қисми зиёди масъалаҳои “мобилӣ”-ро айни замон метавон мустақилона ҳал кард. Ҳамин тариқ, дар замимаи “МегаФон Life” муштариён тарофаҳои навро пайваст менамоянд, тавозуни телефонро пур мекунанд, барои истифодаи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ соҳиби бонусҳо мегарданд. Вале дар баробари ин, толорҳои алоқа нуфузу эътибори худро барои сокинони кишвари мо нигоҳ медоранд. Аз ин рӯ, МегаФон Тоҷикистон рушди шабакаи фурӯш ва пешниҳоди хизматрасониҳои навро ба мизоҷон идома медиҳад. Ва доираи мизоҷон танҳо бо муштариёни оператор маҳдуд намегардад. Дар толорҳои алоқа кадом амалҳоро анҷом додан мумкин аст ва чаро ифтитоҳи онҳо – барои шахсоне, ки дар наздикӣ зиндагӣ ё кору фаъолият мекунанд, хабари гуворо аст?
Хизматрасонии сатҳи баланд
Бале, смартфонҳо бо замимаи боргиришуда барои мустақилона идора кардани хизматрасониҳои алоқа имкон медиҳанд. Аммо муштарӣ метавонад саволҳои гуногун дошта бошад – масалан, вобаста ба танзимкунии гаджетҳо. Илова бар ин, бисёре аз сокинони кишвар танҳо муоширати «зинда» бо мушовиронро афзалтар медонанд. Дар ҳақиқат, ворид шудан ба толори зебои алоқа, ки дар он ҷо шуморо бо табассум пешвоз гирифта, барои фавран ҳал кардани масъалаи муҳим кӯмак мерасонанд, гуворост!
Пардохти хизматрасониҳо
Дар идораҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” на танҳо муштариёни худро интизоранд. Дар ин ҷо метавон маблағи хизматрасониҳои тамоми операторони мобилии кишвар, интернет-провайдерон, инчунин NGN ва телефонҳои шаҳрӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, телевизион, алоқаи байналмилалиро пардохт кард. Ҳамаи ин амалҳо – зуд, қулай ва бидуни навбатпоиҳо.

Хизматрасониҳои бонкӣ
Пардохти қарз бидуни фоизҳои иловагӣ, пур кардани ҳисоби депозит ё кортҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд, интиқоли маблағ лозим аст? Ин амалҳоро низ дар толорҳои оператор анҷом додан мумкин аст. МегаФон Тоҷикистон кайҳо боз аз доираи телекоммуникатсия берун баромадааст, аз ин рӯ, барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ низ ба ин ҷо биёед. Хизматрасониҳои бонкиро оператор дар ҳамкорӣ бо ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” пешниҳод менамояд.
Гирифтани пули нақд
“Cash Out” – чунин ном дорад хизматрасонии нодире, ки аз ҷониби шабакаи фурӯши ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пешниҳод мегардад. Танҳо манзур намудани шиноснома ва корти бонкии “Корти Миллӣ” кофӣ аст – ва баъди амали кӯтоҳи мушаххаскунии шахсият мизоҷ худаш PIN-рамзро дар POS-терминал рақамчинӣ мекунад, мушовир бошад ба ӯ маблағи заруриро ба таври нақдӣ бо расид медиҳад. Ҳангоми пардохти харидҳо дар бозор, ки дар он ҷо на ҳама вақт пардохт тариқи корт қабул карда мешавад, ин хизматрасонӣ қулай мебошад. Аз ин рӯ, толорҳои “МегаФон Тоҷикистон” аксар вақт дар маҳаллаҳо дар наздикии бозорҳои марказӣ ифтитоҳ меёбанд.

Суғуртакунӣ
Дар Душанбе барои мизоҷони толорҳои алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” хизматрасониҳои суғуртакунии автомобилҳо ва таҷҳизоти мобилӣ дастрас мебошанд. Мушовирон дар интихоби беҳтарин пешниҳодҳо ва барасмиятдарории полис кӯмак мерасонанд. Ин назар ба мустақилона ҷустуҷӯ кардани маълумот дар интернет зудтар ва қулайтар аст.
Иҷораи пауэрбанкҳо
Меҳмонони Душанбе дар кӯчаю боғҳои пойтахт бисёр сайругашт мекунанд. Дар баробари ин, барои бе алоқа намондан, метавон аккумулятори беруниро барои телефон ба иҷора гирифт – чунин хизматрасониро низ толорҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пешниҳод менамоянд. Ҳангоми сайругашт тамошои шаҳр аз ҷустуҷӯи васлак беҳтар астJ
Феълан шабакаи фурӯши “МегаФон Тоҷикистон” дар саросари Тоҷикистон зиёда аз 400 толори алоқа дорад. Ҳатто дар ҷамоати дурдаст баробари ворид шудан ба идораи оператор на танҳо масъалаҳои мобилӣ, балки дигар масъалаҳоро низ ҳал кардан мумкин аст. Қулай, муфид ва гуворо – зеро дар ин ҷо албатта шуморо бо табассум пешвоз мегиранд!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ