Толори маҳсгарӣ макони фоҳишаҳо (Видио)

Як корманди собиқи яке аз толорҳои масҳгарии Дониёр Ахмедҷонов мегӯяд, ӯро ба тӯҳмат ба ташкили фоҳишахонаҳо айбдор кардаанд. Вазорати дохила қаблан гуфт, Ахмедҷонов бо иттиҳоми ба фоҳишахона табдил додани 4 толори масҳгариаш дар Душанбе дастгир шудааст.

Зара, як корманди собиқи яке аз толорҳои масҳгарии мутааллиқ ба сокини 53-солаи шаҳри Душанбе Дониёр Ахмедҷонов дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба ташкили фоҳишахонаҳо гумонбар шудани корфармои собиқашро иттиҳоми беасос номид.

Зара, ки як сол дар яке аз толорҳои масҳи марбут ба Ахмедҷонов кор кардааст, мегӯяд, ӯ қурбони тӯҳмат шудааст: «Усули кор дар тамоми толормасҳгарӣ 50 ба 50 аст. Вале бечора акаи Дониёр ягон бор нагуфтаанд, ки салонҳоро ба притон (фоҳишахона) табдил диҳед. Акаи Дониёр худашон корманди орган буданд. Сафари Ҳаҷ карда буданд, панҷ вақт намозашон тарк набуд. Ҳар моҳ як маротиба тамоми масҳгарҳоро ҷамъ карда, ҷаласа мекарданд ва мегуфтанд, ки ягон кори ҳаром накунед дар салонҳо, ки ман пуштиатонро намегирам. Ман як сол кор кардам дар як салонаш. Аслан чунин гап набуд. Мо ду кас будем дар як салонм ва тоза кор мекардем. Массажҳои моро мизоҷон таъриф мекарданд, мизоҷҳои доимӣ доштем. Худи ман дар салон бо як одами хуб шинос шудам ва издивоҷ кардем.”

Ба ақидаи Зара, ба эҳтимоли ғолиб баъзе масҳгарон аз боварии Дониёр Ахмедҷонов сӯиистифода карда, дар ҷои кор ба корҳои ғайриахлоқӣ даст задаанд: «Масҳгарон мегӯянд, ки гӯё акаи Дониёр ҳама чизро медонист ва ҳар ҳафта аз онҳои 1200 сомонӣ мегирифт. Вале дар давраи мо чунин набуд. Аз рӯи виҷдон 50 ба 50 тақсим мекардем – ҳафтае 300 ё 350 сомонӣ мешуд ё ҳадди аксар 400 то 500 сомонӣ. Ҳеҷ вақт ин хел талаб намекарданд, ки барои зиёд шудани фоида даст ба корҳои бад бизанед. Ба вай тӯҳмат задаанд, корҳои бади худашонро ба номи акаи Дониёр гардонданд. Номи масҳгаронро ҳам бад карданд.”

Вазорати дохилаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки як сокини 53-солаи Душанберо бори аввал рӯзи 24 июл бо гумони ба фоҳишахона табдил додани толори масҳаш дастгир карда, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озодаш кардаанд. Вале ӯ алакай рӯзи 26 июл дувумбора ва вақте дастгир шуд, ки боз ҳам дар яке аз толори масҳи марбут ба вай барои алоқаи ҷинсии ду нафар шароит фароҳам оварда, аз онҳо пул гирифтааст.

Ҳафтаи гузашта дар барномаи «Сипар”-и вазорати дохила дар телевизиони Тоҷикистон гуфта шуд, ки сухан дар бораи мудири ҶДММ «Алмира 2010” Ахмедҷонов Дониёр Бафоевич, соли таваллудаш 1964 меравад.

Вазорати дохила дар гузоришаш гуфт, «новобаста аз онки ташкили фоҳишахона ҷиноят аст, гумонбар Ахмедҷонов Дониёр воситаҳои нави нигоҳ доштани онро «кашф” кардааст. Номбурда барои фаъолияти хусусии тиббӣ аз вазорати тандурустӣ иҷозатнома барои ташкили нуқтаҳои дармонгоҳи масҳгариро дастрас карда, ба ҷои дар асоси иҷозатнома фаъолият кардан, нуқтаҳои массҳгариро ба фоҳишахона табдил дода, ба мизоҷон барои кирдорҳои зиддиахлоқиашон шароит муҳайё кардааст.”

Нуқтаҳои масҳгарии «Зебо”, «Садбарг”, «Алиса” ва «Надежда” дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба Дониёров тааллуқ дошта, масҳгарон дар баёноти худ гуфтаанд, ки «ҳангоми ба кор қабул кардан Дониёр Ахмедҷонов ба онҳо супориш додааст, ки ҳамаи талаботи мизоҷонро қонеъ намоянд. Ҳатто талаботи шаҳвонии онҳоро низ.”

Яке аз «масҳгарон” дар гузориши вазорати дохила мегӯяд: «Ду ҷавон даромад.Нафси шаҳвонии якеашонро бо даст иҷро кардам. Якеи дигараш ба ман маъқул шуд, бо вай ҳамхоба шудам.”

Ҳамчунин, бино ба ин гузориш, ҳар масҳгар муваззаф будааст, ки ҳар ҳафта 1000-1200 сомонӣ ба Ахмедҷонов Дониёр пардохт кунад.

Масҳгари дигар дар ин гузориш мегӯяд:

«- Медонист худаш.

Гуфта буд, ки нафси шаҳвонии мизоҷонро қонеъ кунед?

Хайр, агар нагуфта бошад, мо аз куҷо медонистем ин хел чизҳоро?

Ягон маълумоти масҳгарӣ доред?

Не, надорем.

Ин нархҳое ки мемонед, 130 сомонӣ, 100 сомонӣ, ин аз куҷост?

Дониёр худаш гуфтагӣ аст.

Ба Дониёр чанд сӯм медодед?

Ба Дониёр ҳамроҳи дугонаам ҳар рӯзи шанбе 2500 сомонӣ медодем.”

Намояндаи вазорати дохила аз як масҳгари дигар низ пурсид, ки барои инки нафси шаҳвонии мизоҷонро ба воситаи даст қонеъ мекардед, ба Дониёр пул медодед?

Ин масҳгар гуфт:

50 ба 50 медиҳем.

Дониёр медонад, ки шумо ҳамин хел корҳо мекунед?

Медонад.

Иҷозат додагӣ аст ба шумо?

Бале, медонад.”

Аз ин толорҳои масҳгарии марбут ба Ахмедҷонов ҳамчунин теъдоди зиёди рифола (презерватив) ёфт шудааст, ки низ ба фоҳишахона будани самти асосии фаъолияти ин толорҳо далолат мекард.

Нисбат ба масҳгарони ин толорҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд ва онҳо зоҳиран танҳо бо ҷарима халос хоҳанд хӯрд. Вале ба зидди Дониёр Ахмедҷонов бар асоси моддаи 239-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахона) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Моддаи 239. Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ

Ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ бо ғарази шахсӣ ё занҷаллобӣ, —

бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *