Томас Мюллер тарки “Бавария” мекунад?

Ҳамлагари дастаи «Бавария» — Томас Мюллер эҳтимол тарки бошгоҳ намояд. Ӯ аз мавқеаш дар бошгоҳи шаҳри Мюнхен қаноатманд нест.

Бино ба гуфтаи ТВ “Варзиш”, футболбози олмонӣ дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Мюнхен мавқеашро дуруст пайдо карда наметавонад. Сармураббӣ Томас Тухел форвардро бештар дар ҳайати захиравӣ ҷой медиҳад ва ӯро кам ба нақшаҳояш ворид месозад. Бештар маврид, сармураббӣ аз Матис Тел ва Эрик Шупо-Мотинг дар мавқеи Мюллер истифода мекунад.

Ба гуфтаи Кикер, Мюллер бовар надорад, ки вазъаш таҳти мураббии феълии ӯ тағйир ёбад. Аз ин рӯ, ҳамлагари 34-сола иқрор мешавад, ки тобистони имсол “Бавария”-ро тарк мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Мюллер дар мавсими имсола дар Бундеслига дар ҳисоб 1 ирсоли головар дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *