Тони Фергюсон ба каронавирус гирифтор шуд

Тони Фергюсон размовари амрикоии UFC дар вани сабук  мегӯяд, ки ба вируси COVID-19 мубтало шудааст. Дар ин бора “Тв Варзиш” дар такя ба портали “ESPN” хабар медиҳад.

Тибқи маълумотҳои ESPN пештар қайд карда буд, ки дар моҳи март Тони ва дӯстдухтараш аз санҷиши коронавирус бо натиҷаи мусбат гузашта, пурра шифо ёфта буданд. Тавре худи варзишгарҳам қайд кардааст:

“Дар асл танҳо ҳампешагон , ситоди мураббиён ва ҳар касе, ки бо ман тамос гирифт, маро нигарон ва ташвиш кард. Хуб аст, ки ба онҳо ин вирус сироят накардааст. Ман барои ҳамин ҳама вақт ин масъулиятро ҳис мекардам”.

Ҳамин тариқ, Фергюсон аввалин муборизи UFC гардид, ки дар мавриди вируси COVID-19 ба таври ошкоро хабар дод.
Пештар иттилоъ дода шуда буд, ки UFC чаҳор мусобиқаро дар моҳҳои апрел ва май фасх карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *