Тони Фергюсон корномаашро хотима намедиҳад

Дар мусобиқаи охири UFC Тони Фергюсон бо Пэдди Пимблет муҳориба гузаронид ва набарди мазкурро бо қарори доварон бохт, ки 7-ум бохти пайи ҳами Тони ба ҳисоб меравад.

Чун Тони дар бохти пай дар пай рекорд гузошт, ҳаводорони ин навъи варзиш талаб карданд, беҳтараш ӯ корномаашро хотима диҳад ва ба қавле ба нафақа равад. Варзишгар чанд рӯз хомӯширо пеша кард ва дар охир ба ҳама посух дод:

— Варзиш бе бохт намешавад. Ман боз бо қувваи нав бармегардам. Фикри нуқта гузоштан дар корномаи варзишиамро надорам.

Ҳамчунин, журналистон аз роҳбари UFC Дана Уайт дар ин маврид пурсиданд, ки ӯ чунин ҷавоб дод:

— Ман наметавонам аз ҷониби Тони тасмим гирам, вале ман мехоҳам ӯ ба нафақа барояд.

Ҳоло маълум нест, ки UFC ба Тони Фергюсон кай ва бо кӣ муҳорибаи навбатиашро ташкил мекунад, вале ҳоло маълум аст, ки варзишгар хостори муҳориба асту роҳбарияти ташкилот дар орзуи тарки соҳа кардани ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *