ТОП 10: аз Темур Раҳимов то Моҳрӯ Ҳалимова

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини солро муайян кард. Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони панҷ намуд — ҷудо ва бокс (сенафарӣ), самбо (2 кас), гуштини озод ва таэквондо ВТФ (якнафарӣ) — дохил шуданд.

Рӯйхати даҳгонаи беҳтарин варзишгарони сол:

Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни +100 кг дар Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) дар Бокуи Озарбойҷон, медали биринҷии мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2021” дар Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе.

Акмалиддин КАРИМОВ (самбо) – барандаи медали тиллои чемпионати ҷаҳон дар вазни 58 кг дар Тошканди Ӯзбекистон, медали нуқраи Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия.

Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 90 кг дар Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Abu Dhabi Grand Slam 2021”) дар Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар Душанбе.

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 73 кг дар Бишкеки Қирғизистон.

Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) — барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 64 кг дар Тошканди Ӯзбекистон, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия.

Далер РИЗОЗОДА (гуштини юнониву румӣ) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 77 кг дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон.

Миҷгона САМАДОВА (бокс) — барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, медали тиллои Ҷоми ҷаҳон дар Нижневартовски Русия.

Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 64 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб.

Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 81 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб.

Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) — барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 67 кг дар Бейрути Лубнон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *