Топ-10 беҳтарин футболбозони соли 2020 аз назари Carteret Analytics
Ширкати таҳлилии Carteret Analytics исми беҳтарин футболбозони соли 2020-ро эълон кард. Ширкати мазкур футболбозонро аз рӯи омори онҳо муайян намудааст. Хабар дод varzishtv.tj.
Дар зинаи аввали ин рӯйхат ҳамлавари аргентинии «Барселона» — Лео Месси ҷой гирифтааст. Дар зинаи дуюм Роберт Левандовский ва дар ҷои сеюм бошад, Кевин Де Брюйне ҷой гирифтаанд.
Топ-10 беҳтарин футболбозони соли 2020 бо фарзияи Carteret Analytics:
1. Лионел Месси, «Барселона» — имтиёз 317,4
2. Роберт Левандовский, «Бавария» — 310,3
3. Кевин Де Брюйне, «Манчестер Сити» — 297,9
4. Гарри Кейн, «Тоттенхэм» — 274,9
5. Эрлинг Ҳоланд, «Боруссия» Дортмунд — 272,3
6. Муҳаммад Салоҳ, «Ливерпул» — 268,0
7. Вирҷил Ван Дейк, «Ливерпул» — 264,6
8. Карим Бензема, «Реал» — 262,0
9. Садио Мане, «Ливерпул» — 254,2
10. Тимо Вернер, «Челси» — 242,4
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ