ТОР 10 тими ФУТБОЛ: Сарватмандтарин КЛУБҲО кадомҳоянд?
Бешакку шубҳа метавон гуфт, ки имрӯзҳо футбол ба варзиши рақами яки сайёра табдил ёфтааст. Ҳамарӯза миллионҳо нафар мусобиқаи футболро тамошо карда, ба хотири дастаҳои дӯстдоштаи худ миллионҳо долларро шартбандӣ мекунанд.
Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки футбол дар баробари бозии ҷолиб буданаш, инчунин, мояи даромади ҳазорон нафар низ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола мушоҳида мешавад, ки абардастаҳои Аврупо ин ё он бозингарро бо арзиши миллионҳо евро хоридорӣ мекунанд, то нуфузу сармояи хешро байни рақибони хеш афзоянд. Дастаҳои машҳури сайёра дар баробари шуҳрату шон, инчунин миллионҳо ҳатто баъзеашон миллиардҳо доллар сармоя доранд. Акнун мо дар ин ҷо мехоҳем даҳ дастаи сарватманди сайёраро манзури хонандагон гардонем, ки панҷтои онҳо дар лигаи олии Англия бозӣ мекунанд.
10.»Ливерпул» (Англия)
Яке аз серҷоизатарин дастаҳои Англия маҳз дастаи “Ливерпул” ба ҳисоб меравад. Ин даста 18 маротиба чемпиони Англия, 7 маротиба барандаи суперҷоми Англия ва 5 маротиба ҷоми лигаи чемпионҳои Аврупоро болои сар бардоштааст. “Ливерпул” дар баробари дастаи серҷоиза буданаш, инчунин дастаи сердаромад ва сарватманди Лигаи олӣ (примерлига) ба ҳисоб меравад, ки сармояи ин даста 700 млн -долларро ташкил медиҳад.
9. “Ювентус”(Италия)
Дастаи Туринии “Ювентус” аз серҷоизатарин дастаҳои Аврупо ва ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ин даста 30 маротиба чемпиони Италия, 20 маротиба суперҷоми Италия ва 2 маротиба ғолиби лигаи чемпионҳои Аврупо гардидааст. Даромади асосии даста аз ҳисоби сармоягузорон ва рекламадиҳандагон ба ҳисоб рафта, сармояи умумии “Ювентус “ба 850 млн. доллар баробар мебошад.
8. “Милан” (Италия)
Дар ҷои 8-уми раддабанди байни дастаҳои сарватманди сайёра дастаи итолиёвии “Милан” бо сармояи 863 млн. доллари худ қарор дорад. Шояд насли даврони кунунӣ бовар намекунад, ки замоне “Милан” яке аз тимҳои пешсаф буд ва пайваста шаҳди пирӯзӣ мечашид. Ин даста 18 маротиба чемпиони Италия, 18 маротиба суперҷоми Италия ва 7 маротиба медали тиллои чемпионати Аврупоро ба гардан овехтааст.
7. “Манчестер Сити” (Англия)
Дастаи “Манчестер Сити” чандин солҳо клуби миёнаҳоли премерлигаи Англия ба шумор мерафт. Соли 2008 дастаро яке аз соҳибнефти араб шайх Мансур харидорӣ намуд. Акнун бо гузораи солҳо даста на танҳо буҷет, балки шумораи ҷоизаҳои худро низ афзуд. Ҳоло буҷаи даста 865 млн. долларро ташкил дода, ҳамасола гаронарзиштарин бозингаронро ҷалб мекунад.
6. «Челси» (Англия)
Шашумин дастаи сарватманди сайёра дастаи лондонии “Челси” маҳсуб меёбад. Молики асоси даста миллиардери рус Раман Абрамович буда, ҳамасола миллионҳо доллар барои ҷалби бозингарони бомаҳорат сарф мекунад. Ин даста 4 маротиба чемпиони Англия, 7 маротиба суперҷоми Англия ва 1 маротиба чемпиони Аврупо гардидааст. Сармояи умумии даста 869 миллионро ташкил медиҳад.
5. “Арсенал” (Англия)
“Арсенал”- ро метавон яке аз дастаҳои баргузидаи премерлигаи Англия донист, зеро ин даста дар таърихи фаъолияти худ 13 маротиба чемпиони Англия ва 11 маротиба соҳиби суперкубоки Англия гардидааст. Даромади асосии даста аз ҳисоби бозиҳои хонагӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳар бозии хонагӣ миллионҳо фунт доромад мебинад ва ҳоло бошад, сармояи даста ба 1 332 000 000 (як миллиарду 332 миллион) доллар дакка мехӯрад.
4. “Бавария” (Германия)
“Бавария”- и Мюнхен на танҳо дастаи серҷоизатарин Олмон маҳсуб меёбад, инчунин, ин даста дар раддабандии дастаҳои сарватманди сайёра дар ҷои 4-ум қарор дорад. Дастаи олмонии “Бавария” 24 маротиба чемпиони Олмон, 16 маротиба суперҷоми Олмон ва 5 маротиба ғолиби лигаи чемпионҳо шудааст. Даромади асосии даста аз ҳисоби бозиҳои хонагӣ ва ширкатҳои рекламадиҳӣ ғанӣ мегардад. Яке аз ширкатҳои рекламавии “Deutsche Telekom” ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола ба буҷаи “Бавария” 42 млн. доллар пардохт мекунад. Сармояи умумии даста таи солҳои охир 1 850 000 000 (як миллиарду 850 миллион)-ро ташкил медиҳад.
3. “Манчестер Юнайтед” (Англия)
“Манчестер Юнайтед” яке аз дастаҳои муваффақи Англия маҳсуб ёфта, 20 маротиба чемпиони Англия, 11 маротиба кубоки Англия ва 3 маротиба ғолиби лигаи чемпионҳои Аврупо гардидааст. Даромади асосии даста аз ҳисоби ширкатҳои рекламадиҳӣ ғанӣ гардида, танҳо дар як сол аз ҳисоби ширкатҳо қариб 700 млн. доллар фоида мегирад. Бино ба иттилои сомони “Фарбсбет” сармояи “Манчестер” таи 3 миллиардро ташкил дода, гаронарзиштарин бозингарон низ дар ин даста бозӣ мекунанд.
2. “Барселона” (Испания)
Дастаи рақами яки сайёра “Барселона” дар баробари легендаи ҳақиқӣ буданаш, инчунин, ба сармояи зиёди худ байни абардастаҳо фарқ мекунад. Ин даста 25 чемпиони Испания, 27 маротиба суперҷоми Испания ва 5 маротиба ғолиби лигаи чемпионҳои Аврупо гардидааст. Буҷети “Барселона” айни замон 3 миллиарду 300 миллионро ташкил дода дар раддабанди ҷои дувумро ишғол мекунад.
1.“Реал Мадрид” (Испания)
Дастаи аз ҳама сарватмандтарини сайёра тибқи раддабандӣ “Реал Мадрид”-и Испания дониста мешавад. Ин даста баъди ҳангомаофариҳояш дар солҳои 2016, 2017, 2018 яъне паи ҳам ғолиб омадан дар чемпионати Аврупо шуҳрату шони худро байни мухлисонаш даҳчанд гардонид. Ҳоло бошад, сармояи умумии ин абардастаи Аврупо 3 млрд, 500 млн. рақам зада мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ