Тошканд. Қатар ҷоизаи олӣ дар соҳаи мубориза бо фасодро ба соҳибонаш супурд
19 декабр дар шаҳри Тошканд маросими тантанавии супурдани ҷоизаи олии Қатар дар соҳаи мубориза бо фасод баргузор гардид. Барои иштирок дар он Амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад ал-Сони ба Тошканд омад. Ӯро дар майдони ҳавоӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қабул кард.
Баъд бо ширкати Президент Шавкат Мирзиёев ва Амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ маросими тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ Президент Шавкат Мирзиёев гуфт:
-Пеш аз ҳама барои ҷонибдорӣ аз баргузории ин маросими мутантан дар кишвари мо ва нишон додани кумакҳо ба асосгузори ин мукофоти бонуфуз ба бародари арҷмандам Амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад ал-Сонӣ ва Садорати мубориза бо маводи нашъаовар ва ҷинояткории СММ ибрози сипос мекунам.
Вай афзуд, таърих гувоҳ аст, ки иллати фасод ҳатто давлатҳои аз ҳама муқтадир ва тавоноро ба вартаи нестӣ кашидаву онро пароканда намудааст. Фасод таҳдидест, ки ба тамоми инсоният, асоси ҷомеа ва пешрафти иқтисодиёт зарба мезанад, ба вайрон кардани устувории қонун, заиф намудани эътимоди мардум ба сиёсати давлатӣ, рушди ниҳодҳои демократӣ монеа эҷод менамояд.
Шавкат Мирзиёев ҳамзамон дар пайи суханронӣ онҳоеро, ки ба гирифтани ҷоизаи олии Қатар дар соҳаи мубориза бо фасод ноил шудаанд, самимона табрик намуд. Онҳо Хосе Угаз(Перу), Суксана Роксандич(Хорватия), Андре Д”Алмейда(Португалия), Дамарис Асва(Кения), Клэер Ревкасл-Браун(Британияи Кабир), Фил Мейсон(Британияи Кабир), Вайхига Мваура(Кения), Шантану Гука Рей(Ҳиндустон) мебошанд.
Дар иҷлосияҳои алоҳида таҳти унвони “Назаре ба фасод аз равзанаи байналмилалӣ”, “Ташаббусҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ҷиҳати мубориза бо фасод”, “Ҷавонон, доираҳои академикӣ ва таълим”, “Муайян намудани ҳақиқати пасманзари фасод”, “Ҳамоҳангии таълим ва инноватсияҳо” иштирокчиёни маросим ширкат намуданд. Дар он ҷонишини директори Оҷонси давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Сафарзода иштирок намуд.
Мирасрор Аҳроров,
Шаҳри Тошканд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ