Тошканд: Ҳамоиши фарҳангии тоҷикону ӯзбекон

Дар маркази байнулмилалии фарҳанги Ӯзбекистон рӯзи 27 январ таҳти унвони «Шеър — пайвандгари миллатҳо» нахустин ҳамоиши фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон доир гардид, хабар дода мешавад дар сомонаи tribunezamaneh.com.

Дар ин нишаст шоиру нависандагон, асотиду омӯзгорон, равшанфикрон ва дӯстдорони каломи ноби тоҷикӣ аз гӯшаю канори мухталифи кишвар, минҷумла, аз шаҳру навоҳии устонҳои Тошканд, Самарқанд, Сурхондарё, Қашқадарё, Фарғона, Навоӣ, Бухоро, Ҷиззах ширкат варзиданд.

Ҳамойиши шеъру шоирӣ бо сухани муқаддимавии Шарофатбону Ҷӯразода – раиси Маркази милпӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва раҳбарию раёсати он аз сӯйи шоир Ҷаъфари Муҳаммад сурат гирифт.

Ҳозирин бо беҳтарин намунаҳои шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбакистон ошно шуданд. Шоирони шинохта, аз қабили, Абдулло Субҳон, Парисо, Дилшода Фарҳодзод, Асадуллоҳ Шукурзода, Расулбеки Аҳмадзод ва дигар ҷавоншоиру дӯстдорони шеъру адабиёт аз эҷодиёти худ ва аз дурдонаҳои назми тоҷикӣ-форсӣ қироат карданд.

Ба ҳамойиш оҳангу сурудҳои дилнишин бо садои Раҳимҷон, Улуғбек ва рақсҳои дилрабои тоҷикдухтарон, ки либосу оройиши миллӣ доштанд, ҳусни бештар ато намуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *