Тошканд байни Толибону Ашраф миёнаравӣ мекунад?

Мақомоти Узбекистон аз музокирот бо намояндагони баландпояи гурӯҳи Толибон хабар доданд. 

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 18-уми июн хабар дод, ки музокирот ҷузъе аз раванди сулҳи Афғонистон мебошад ва Тошканд метавонад шароити гуфтугӯҳоро бо ҷонибҳои дахлдор дар ин кишвари ҷангзада таъмин кунад.Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Узбекистон дар мавриди замон ва маҳалли баргузории ин гуфтугӯ чизи дақиқе гуфта нашудааст. Дар идома омадааст, Узбекистон омодааст барои музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ҳар талоши мумкинро ба харҷ диҳад. Узбекистон, инчунин, тасдиқ кардааст, ки дар пайи нишасти рӯзи 27-уми марти имсол Тошканд бо намояндагони Амрико, Чин, Русия, Гурӯҳи ҷаҳонии тамос, кишварҳои Ҷануби Осиё ва Шарқи Миёна ба хотири талошҳои сулҳи Афғонистон, дар тамос будааст. Ҳукумати Узбекистон дар баёнияи худ аз оташбаси муваққат дар Афғонистон ва тамдиди он аз сӯи раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ ҳам истиқбол кардааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *