Тошканд -Душанбе парвози нахустин анҷом ёфт

Баъд аз 25 сол барои нахустин бор ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ”, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад. Ҳавопаймои ин ширкати узбакистонӣ соати 8:05 дақиқаи субҳи 11 апрел бо 25 мусофир ба пойтахти Тоҷикистон расид. Барои бозгашт аз Душанбе ба Тошканд бо ҳавопаймои ин хатсайр, 12 мусофир билет харидорӣ кардаанд ва қарор аст ҳамин рӯз ин ҳавопаймо ба пойтахти Узбакистон баргардад.

Нахустин парвози ширкати ҳавопаймоии «Узбекистон ҳаво юллари» қарор буд, рӯзи 4 апрел анҷом шавад, вале он ба рӯзи 11 апрел ба таъхир гузошта шуд. Масъулини таъхири ин парвозро ба чанд омил, аз ҷумла таъхир дар оғози фурӯши билетҳо ва то ба ҳол боз нашудани дафтари ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон дар Тошканд рабт дода буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *