Тошканд, Остона, Ашқобод,Бишкек бо Толибон мулоқот карданд. Русия бо Тоҷикистон

Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон ба Кобул омад ва бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати то ҳол дар ҷаҳон  эътирофнашудаи  Толибон, мулоқот кард.

Комилов дувумин вазири хориҷии як кишвари минтақа аст, ки пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон, аз Афғонистон дидан мекунад. Қаблан чунин  амалро Муҳаммад бин Абдураҳмон Оли Сонӣ, вазири корҳои хориҷии Катар  ва сафирону муовинони вазирони  хориҷии Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон анҷом дода буданд. Ин кишварҳои Осиёи марказӣ дар Кобули толибӣ чӣ меҷӯянд ва ҳадафашон бо мулоқот бо созмони террористӣ чист?

Ба гузориши «Бохтар» — хабаргузории расмии Афғонистон, Амирхон Муттақӣ ба Абдулазиз Комилов «итминон дод, ки вазъияти ин кишвар баъд аз таҳаввулоти ахир дар ҳоли оддӣ шудан аст». Яъне “мо Афғонистонро орм кардем.”    Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон Абулқаҳҳор Балхӣ  ҷузъиёти ин мулоқотро дар сафҳаи «Твиттер»-и худ нашр кард.

Аз қавли Вазири корҳои хориҷии Узбекистон ӯ навиштааст, «умедвор аст Толибон ба зудӣ ҷойгоҳи қавии худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кунад». Комилов ҳамзамон гуфтааст, ки Ӯзбекистон ба ӯҳдадориҳои худ дар бахши транзит, энержӣ ва тиҷорат бо Афғонистон пойбанд мемонанд.

Пас аз ишғоли Кобул,ки 15-уми август сурат гирифт, намояндагони гурӯҳи Толибон бо як гурӯҳ намояндагони кишварҳои минтақа дидору мулоқотҳо доштанд, то роҳе барои ба расмият шинохтани ҳукуматашон ҳамвор шавад. Вале ин талошҳо то имрӯз натаҷ надошт.

Узбекистон ягона кишвари Осиёи Миёна нест, ки намояндааш бо Толибон мулоқот кардааст. Рӯзи 26-уми сентябр Алимхон Есенгелдиев, сафири Қазоқистон дар Афғонистон бо вазири корҳои хориҷии «Толибон» Амирхон Муттақӣ, дар Кобул мулоқот карда буд. Матбуоти маҳаллӣ навишт, ин тамоси нахустини мансабдори баландпояи Қазоқистон бо узви ҳукумати «Толибон» аст.

Пештар аз ин, рӯзи 23-юми сентябр Таалатбек Масодиқов, муовини раиси Шӯрои амният ва Ҷеенбек Кулубоев, раиси бахши сиёсати хориҷии ҳукумати Қирғизистон, барои музокирот бо «Толибон» ба Кобул рафта буданд. 18-уми август — ҳамагӣ се руз баъд аз суқути Кобул ба дасти Толибон, консули генералии Туркманистон дар Ҳироту Мазори Шариф бо раҳбарони Толибон дар ин минтақа мулоқот карда буд.

Ин  дипломатияҳои пасипардагӣ ва мулоқот бо ҳаракате,ки расман дар кишвраҳои номбурда мамнуъ аст, мисли рутсшавконбозии кудакон мебошад. Агар мантиқан андеша ронем, ин дипломатҳо бояд муҷозот шаванд,зеро бо ҳаракате гуфтугу мекунанд,ки қонуни кишварашон ҳамагуна ҳамкорӣ бо онҳоро ҷиноят меҳисобад. Вале тавре мебинем, “зарур бошад, раво бошад” гуён кишварҳои ОМ дар паси дари масъулони  сиёсати хориҷии Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) саф кашидаанд. Ё ҳама аз ҳайбати Ҳайбатулло (роҳбари Толибон) ба ҳарос афтоданд? Гумон мекунанд,ки агар  толиби ғолибро дастгирӣ кунанд, раҳми ӯ омада ,домони онҳоро раҳо мекунад ва террористони узбеку қирғиз ва  ё туркманро дар қаламраваш ҷой намедиҳад?

Ҷанонбон хато мекунанд.Зеро тавре таҷрибаи гузашта нишон медиҳад, толиб  на ба ваъдааш вафо мекунаду (ба ёд оред, дар мавриди ташкили ҳукумати фарогири Афғонистон  чӣ ваъда карда буданду минбаъд чӣ кор карданд) на раҳм ба касе дорад. Шояд  ин кишварҳо ба хотири рушди савдои худ ва ба даст овардани манфиатҳои иҷтисодӣ бо Толибон мехоҳанд наздик шаванд.

Аммо маълум,ки айни замон ҳкумати  толибон ҳато пули барқи истифодашудаашро баргардонда наметавонад ва за се кишвари ОМ (Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) қарздор асту хонаю дари  ҳукуматдорони собиқро барои додани ин қарзҳо фурӯхта истодааст  (дар ин бора “Пресса.тҷ”https://pressa.tj/news_tj/tolibon-honai-ҳukmatdoronro-furӯhta-barқ-meharand/ хабар дода буд).

Дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки бо Толибон ҳеҷ робитае барқарор накардааст. Пас аз ишғоли Кобул аз сӯи Толибон, мақомоти Тоҷикистон дар муносибатҳои гуногун аз ин гурӯҳ интиқод намуда, хостори ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама қавмҳо, аз ҷумла тоҷикон шуданд. Таҳлилгарон бар ин назаранд ки бо вуҷуди тамосҳо бо Толибон, кишварҳои Осиёи Марказии ҳаммарз бо Афғонистон аз таҳдидҳои амниятӣ эмин нестанд.Ҳузури ҷангҷӯёни Осиёи Миёна дар Афғонистон бояд кишварҳои минтақа бошад.

Ҷаҳони мутамаддин  ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар шартҳое барои ба расмият шинохтани Толибон гузоштанд, ки ҳифзи ҳуқуқи башар, иштироки занон ва ақалиятҳо дар идораи ҳукумат, қатъи робита бо созмонҳои даҳшатафкан, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.Пас чаро роҳбарони кишварҳои ОМ (ба ҷуз Тоҷикистон) ба оҳистагӣ ин режими террористиро “реабилитатсия” мекунанд?

Мавқеи Русия  дар ин маврид чӣ гуна аст? Ба сухангуи Вазорати корҳои хориҷии Русия хонум   Захарова,таваҷҷӯҳ мекунем: «Вазъият дар Афғонистон ва сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар маркази таваҷҷӯҳи мо  қарор дорад.Маскав ва Душанбе дар ин маврид  тамосҳои зич доранд.

Алахусус, тавассути вазорати дифоъ, хадамоти сарҳадӣ ва албатта, намояндагиҳои дипломатӣ барои таҳкими қобилияти ҷангии Тоҷикистон ва хадамоти сарҳадии он бо дарназардошти ҳама ниёзҳои амалиётӣ кушиш мекунем. Пойгоҳи низомии 201 -и Русия бо ҳама чизҳои зарурӣ барои расонидани кумак ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар сурати шиддат ёфтани вазъ муҷаҳҳаз аст.

Яъне, мо бо Тоҷикистонему ҳамсангарони Тоҷикистон бо Толибон дар гуфтугӯ ва аз паи дарёфти дили онҳо. Ин ҷо мантиқ куҷост? Чаро дар як вазъияти барои ҳама мушкил кишварҳои минтақа ба қавли масалнависи рус Крилов “Қу, моҳӣ ва харчанг” шуданд? Боз ароба чаппа нашавад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *