Тозагул Раҳмонова: Ободии Ватан дар ободии оила аст
Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» аз ноҳияи Сангвори зебоманзар модари азиз Тозагул Раҳмонова мебошанд.
Саволи мо ба модари меҳрубон чунин аст:
— Солҳои охир шумораи вайроншавии оилаҳои ҷавон хеле зиёд гаштааст. Шумо ҳамчун зани рӯзгордида сабаби асосии ин падидаи номатлубро дар чӣ мебинед?
— Дар урфият мегўянд, ки «оилаи бегона чун бешаи анбуҳ аст» ва аз берун истода, баҳо додан ба вазъи оилае хеле душвор аст. Аммо вақте мебинем, ки бо сабаби як мушкилии кўчак оилае парешон шудааст, дили кас хун мешавад.
Бадбахтии аз ҳама бузург — ин шикастани тақдири тифлакони волидайни аз ҳамдигар ҷудошуда мебошад. Падару модар шояд барои худ зану шавҳар меёбанд, аммо барои фарзандонашон ҳаргиз падару модар нахоҳанд ёфт. Барои ҳамин, пеш аз издивоҷ андеша бояд кард, чун ин ришта баста шуд, бояд онро мустаҳкам нигоҳ дорем. Ҳама давлату дороӣ пеши як қатра ашки тифлакони аз падару модари хеш зиндаҷудо як фулус арзиш надорад.
Насли мо чизпараст набуданд, онҳо ҳама чизро бо дастони худ сохтан мехостанд. Ҷуфти ҷавон якҷоя бори зиндагӣ мекашиданд, ба қадри тавони худ хонаву дар мекарданд. Ҷавонони имрўз, албатта на ҳама, колопарастанду мехоҳанд падару модар барои онҳо ҳама чизро тайёр карда диҳанд. Баъд, сабр надоранд, ки ин хислати ҳамидаи инсонӣ волотар аз ҳама ганҷи дунёст. Мехоҳанд ҳама чизро яку якбора пайдо намоянду соҳиб гарданд, аммо фаҳмидан ҳам намехоҳанд, ки барои соҳиби чизе шудан меҳнат кардан лозим аст.
Имрўзҳо, шукри ободонии Ватани зебоямон, фарқи байни шаҳру деҳот кам мондааст. Дар деҳоти мамлакат низ хонаҳое қад меафрозанд, ки бо тамоми шароит таъминанд. Ҷавонмардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, бори ғарибиро ба сар мегиранд, то барои фарзандони хеш ҳама шароитро фароҳам биёранд.
Барои мустаҳкамии оила ва тарбияи фарзандон фақат ҳамдигарфаҳмӣ лозим асту халос. Зану шавҳар аз як гиребон сар бароварда, барои ободии оилаи худ бояд кўшиш намоянд, зеро ободии ватанамон низ аз ободии ҳар оила сарчашма мегирад.
Як омили дигари пешгирии оилавайроншавӣ — ин ба назар гирифтани фикри фарзандон пеш аз хонадор кардани онҳост. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ