Тоҷинисои Азиз: Дар 15-солагӣ журналист шудам!
Журналисти соҳибноми тоҷик Тоҷинисои Азиз, ки дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба аёдаташ рафтем, мегӯяд “журналистика танҳо касб нест, балки ҷодаи пурмасъулиятест, ки фидокорӣ мехоҳад”. Ӯ худ фидоии касби хеш аст. Гарчанде синнаш ба 70 расидааст ва солҳои охир бознишаста мебошад, қаламро раҳо намекунад. Мегӯяд, ки муҳаббаташ ба журналистика хомӯш нашудааст. То ҳол, бо вуҷуди беморӣ эҷод мекунад ва бо нашрияҳо ҳамкорӣ дорад…
— Қадамҳои нахустини худро дар ҷодаи журналистика ба ёд доред?
— Бале, дар ёд дорам. Ба журналист шудани ман устод Кароматулло Мирзоев — Нависандаи халқии Тоҷикистон сабаб шуданд. Он замонҳо эшон дар баробари фаъолият дар редаксия, дар мактаби мо низ дарс мегуфтанд. Аз кӯдакӣ ба навиштан шавқу ҳавас доштам ва маҳз бо роҳбарии устод бо рӯзномаи девории мактаб, ки “Қаламҳои пурумед” ном дошт, ҳамкорӣ кардам. Нахустин навиштаҳоям дар ҳамон ҷо нашр шуданд. Баъдтар, бо дастгирии эшон, мақолаҳоямро ба рӯзномаи ҷумҳуриявии “Пионери Тоҷикистон” мефиристодам. Баъди хатми мактаб корманди ин рӯзномаи бонуфуз шудам. Чун синну солам хурд буд, чанд муддат бе маош фаъолият кардам.
— Фаъолияти журналистиро аз чандсолагӣ оғоз кардед?
— Азбаски аз хурдӣ ба хондан шавқи зиёд доштам, маро хеле барвақт ба мактаб доданд ва дар синни 15-солагӣ мактабро хатм кардам. Вақте ки ба кор дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” шуруъ кардам, ҳатто шиноснома надоштам. Сардабири рӯзнома шоираи машҳур Гулрухсор Сафиева буданд. Аз эшон зиёд омӯхтаам.

— Шумо дар чанд самти журналистика фаъолият доштед. Кадоме аз он бароятон душвор буд?
— Пас аз “Пионери Тоҷикистон” ман фаъолиятро дар нашриёти “Ирфон” оғоз кардам. Баъд аз редаксияи пур аз овозу шӯру мағал кор дар “Ирфон” бисёр осон метофт. Ҳамин ки корро сар кардам, аввалин китобам бо номи “Пудрати бригадавӣ” ба чоп расид. Баъд аз он як муддат дар маҷаллаи Иттифоқи журналистон фаъолият намудам. Ҳангоми дар онҷо кор кардан ба ман ду пешниҳоди ҷои кори беҳтар шуд. Баъд ҳамчун сармуҳаррири маҷаллаи “Шуълаи умед” дар «Тоҷик Комусервис» ба кор сар кардам. Соли 2000-ум Вазорати энергетика ташкил шуду маро бо журналам ба он ҷо гузарониданд. То соли 2013 дар он ҷо фаъолият кардам. Бо се вазир кор кардам. Баъдан бо даъвати дӯстон ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба кор гузаштам. Баъд аз он ба нафақаи меҳнатӣ баромадам. Чун бештари вақт журналист дар соҳаи энергетика будам, ин самтро бештар омӯхтам. Ва ҳатто як китоб ҳам бо номи “Шуълаи умед” ё “Тоҷикгаз” навиштаам.
— Чун аз чопи китоб гуфтед, то имрӯз чанд китобатон ба дасти хонандагон расидааст?
— 10 китобам нашр шудааст, ки дар мавзӯи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебошанд. Яке аз китобҳоям дар бораи зани қаҳрамоне нақл мекунад, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, вақте ки мардум ба як бурда нон зор буданд, на танҳо 10 фарзанди худашро, балки 10 кӯдаки ятимро низ аз ятимхона гирифта, ба камол расонидааст. Ҳамчунин, дар бораи муҳоҷират, ишқу муҳаббат ва пойдории оила китобҳо навиштаам. Ҳоло ҳам менависам. Чандин мақолаҳое дорам, ки ҳоло ба чоп нарасидаанд.
— Дар ҷавониатон инқадар серташвиш будаед. Оё вақт барои оила ва фарзандонатон ҷудо мешуд?
— Ростӣ, барои зане, ки ҳам модар ва ҳам журналист аст, фаъолият дар ин соҳа кори осон нест. Журналистика тақозо мекунад, ки шахс ҳамеша омода бошад — новобаста аз он ки рӯз аст ё шаб, ҳаво гарм аст ё сард, бояд барои иҷрои вазифа омода бошад. Ман дар ҳаёт ҳамеша аз як чиз шукр кардаам, ки Худованд маро бо ҳамсарам рӯ ба рӯ гардонидааст. Борҳо шоҳиди он будам, ки чӣ тавр ҳамсарам барои пешравии кори ман кӯшиш мекарданд. Новобаста аз он ки худ муҳандис буд, ҳамеша кори маро эҳтиром мекард. Ҳеҷ гоҳ напурсид, ки «чаро дер омадӣ?» ё «чаро сафар меравӣ?». Баръакс, вақте ки ман ба сафари корӣ мерафтам, бо меҳрубонӣ нигоҳубини фарзандонро ба уҳда мегирифт. Ҳамсарам бисёр одами саховатманд ки буданд, дар арафаи иди Рамазон аз дунё гузаштанд. Ҳоло, шукр, фарзандонам соҳиби хонаву дар ҳастанду бибии чанд дӯстрӯякам.
— Ба журналистони ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?
— Пеш аз ҳама, бояд касби худро дӯст доранд ва ба он содиқ бошанд. Зирак бошанд ва донанд, ки барои кӣ менависанд ва кӣ онро чигуна қабул мекунад. Бо навиштани як-ду ҷумла ҳеҷ кас журналист нашудааст. Ин қасб шабҳои бехобӣ, адолат ва садоқатро тақозо мекунад. Журналист бояд дониш, истеъдод ва қобилияти таҳлил ва дарки амиқи масъалаҳоро дошта бошад. Муҳимтар аз ҳама, вай бояд одил ва адолатпараст бошад, зеро рисолати аслии журналист мубориза барои ҳақиқат ва адолат аст.
Сумани УБАЙДУЛЛО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ