Трамп: Ҷанг дар Украина бояд тамом шавад

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико гуфтааст, ки барои поёни ҷанги ба гуфтаи ӯ даҳшатнок дар Украина, бо Владимир Путин ва Владимир Зеленский гуфтугӯ мекунад.

Трамп рӯзи 16-уми декабр ва дар аввалин нишасти хабариаш баъди пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА, чанд бор дар бораи ҷанги Украина суҳбат кард. Ӯ бори дигар ба мавқеи худ таъкид кард, ки ин ҷанг бояд тамом шавад.

Ба гуфтаи раисҷумҳури мунтахаби Амрико, талафот аз ҳарду ҷониб бештар аз оне аст, ки тасаввур мешавад. Пештар Трамп аз кушта ва захмӣ шудани ҳазорҳо нафар аз ду тарафи ҷанг гуфта буд.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки талафоти ин кишвар дар ҷанг камтар аз гуфтаи Трамп аст. Маскав ду сол аст, ки дар бораи талафоти сарбозонаш дар ҷанг бо Украина расман чизе намегӯяд. Доналд Трамп ба хабарнигорон гуфт, ки раисҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро зарур аст барои бастани созиш бо Русия омода бошад.

Дар айни ҳол Трамп нагуфт, ки оё ба Русия додани қаламравҳои ишғолии Украинаро дастгирӣ мекунад ё не. Ӯ танҳо гуфт, ки барои барқарор кардани минтақаҳои харобшудаи Украина “сад сол” зарур аст.

Доналд Трамп дар маъракаҳои пешазинтихоботиаш гуфта буд, ки агар раисҷумҳури Амрико интихоб шавад, ба ҷанги Украина то маросими савгандёдкуниаш поён медиҳад, аммо нагуфт чӣ гуна.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *