Трамп аз Путин хушаш меояд

Номзад ба мақоми президентии ИМА Доналд Трамп мегӯяд, агар президент интихоб шавад, то маросими савганд, ки моҳи январи соли 2017 дар назар дошта шудааст, бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот хоҳад кард. Трамп ба наздик будани худ бо роҳбари Русия ишора кардааст. Дар ИМА Русияро айбдор мекунанд, ки ба ҷараёни интихоботи Амрико дахолат дорад.

Пештар аз ин Трамп гуфта буд, ки аз Путин хушаш меояд.

Танҳо мушкил, ба гуфтаи Трамп, дар он аст, ки Путин нисбати президенти кунунии ИМА Барак Обама эҳтиром қоил нест. Ба гуфтаи вай, дар воқеъ як вазъияти хатарноке ба вуҷуд омадааст.

«Агар ман 8 ноябр дар интихобот пирӯз шавам, метавонам то маросими савганд бо Путин мулоқот дошта бошам», — афзудааст Трамп. Ин номзади мақоми президентии ИМА ҳамчунин гуфтааст, ки хилофкорӣ дар интихобот метавонад хатари ҷиддие барои ягонагии низоми интихоботии ИМА ба бор орад. Вай ҳушдор дод, ки натиҷаи раъйдиҳӣ мумкин аст, дар «қитъаҳои интихоботӣ» дигар карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *