Трамп ба Русия ҳушдор дод
Президенти ИМА Доналд Трамп ишора кард, ки ҳамлаи мушакӣ болои Сурия ногузир аст. Вай бо пахши изҳороте тавассути саҳифааш дар шабакаи Твиттер муттафиқи Сурия – Русияро ҳушдор дод, ки “бояд омода бошад”, чунки мушак ”партоб мешавад”. Дар ин паёмаш Трамп Русияро барои пуштибонӣ аз Сурия ва президент Башор Асад танқид карда, гуфт, ки Маскав “як ҳайвонеро, ки даст ба қатли инсонҳо мезанад, пуштибонӣ мекунад” ва аз ин чиз “ҳаловат мебарад”. Трамп дар ин изҳороташ ба ҳушдорҳое ишора кардааст, ки мақомоти низомӣ ва дипломатҳои Русия аз ин пеш карда гуфтанд, ки дар сурати ҳамлаи мушакӣ ба ҳадафҳо ваё киштӣ, ҳавопаймо ё ҳар чизи дигаре, посухи он дода мешавад.
“Русия таҳдид мекунад, ки ҳама мушаки ба сӯи Сурия партобшударо мезанад”, навиштааст Трамп. Вай инчунин навиштааст: “Русия, омода бош. Мушакҳо базудӣ мерасанд, зебо, нав ва “доно”. Шумо набояд бо як Қотили ҳайвоне ҳамкорӣ кунед, ки бо газ мекушад ва аз ин чиз роҳат мекунад”. Ин ишора ба Башор Асад буд, ки ахиран барои истифодаи силоҳи кимиёӣ зидди мардум дар шаҳри Дуваи канори Димишқ муттаҳам шуд. Гурӯҳҳои наҷотбахш гуфтанд, ки дар ҳамлаи рӯзи 7 апрел афроди мулкӣ ва кӯдакон кушта шуданд. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки ИМА бояд террористонро ҳадаф қарор диҳад, на Асадро.
Доналд Трамп гуфт, ки робитаҳо бо Русия «бадтар аз ҳар вақти дигар аст», дар ҳоле, ки «ҳеҷ сабабе барои ин вуҷуд надорад». Трамп гуфт, ки Русия «ба мо аз назари кӯмакҳои иқтисодӣ ниёз дорад» ва ин кор ҳеҷ мушкиле надорад.
Ин изҳороти Трамп рӯзи 11 апрел, тахминан соатҳои 7 субҳи Вашингтон пахш шуд. Аз ин пеш Русия аз Амрико даъват кард, ки зидди Сурия амалиёти низомиро шурӯъ накунад.
Ин даъват аз забони Василий Небензя шоми 10 апрел ва баъди он садо дод, ки ки Шӯрои амнияти СММ тарҳи қатъномаи анҷоми санҷиши ҳамлаи кимиёӣ дар канораҳои Димишқро рад кард.
ИМА ва Русия дар заминаи иттиҳоми як ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳраки Думаи Сурия, ки рӯзи 7 апрел рух додааст, вориди баҳс шуданд. Дар ин ҳодиса 40 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд ва аломати он ки ИМА барои ҷазо додани ҳукумати Димишқ посух хоҳад дод, бештар шуд.
Оҷонсиҳои Reuters ва ТАСС рӯзи 10 апрел навиштанд, ки оҷонсии Аврупоии назорати парвозҳо аз ҳавопаймоҳо даъват кардааст, ки дар ҳарими ҳавоии канораҳои шарқии баҳри Миёназамин “бо сабаби эҳтимоли сар задани ҳамлаҳои замин ба ҳаво болои Сурия дар 72 соати наздик аз эҳтиёт кор гиранд”.
Артиши Сурия ба мӯҳлати се рӯзи наздик ба ҳолати омодабош гузаштааст. Дар соҳилҳои ин кишвар дар баҳри Миёназамин киштии ҷангии зиддимушакии Амрико Donald Cook қарор дорад. Президенти ИМА Доналд Трамп, ки гуфт Дмишқ барои анҷоми ҳамлаи кимиёӣ дар шаҳраки Дума қимати гароне пардохт мекунад, сафари барномарезишудааш ба Амрикои Ҷанубиро бекор кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ