Трамп ба ваъдаҳояш вафо мекунад?
Дар интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ғолиб омад ва президенти 47-уми ин кишвар интихоб шуд. Трампи 78-сола бо ваъдаҳои бузург вориди корзори интихобот шуд ва баъди ғалаба гуфт, ки Амрикоро “боз бузург, пурзӯр ва бехатар ва сокинонашро хушбахт месозад”. Вале ваъдаи асосии ӯ, ки натанҳо сокинони ИМА, балки ҷомеаи ҷаҳонро умед бахшидааст, хотимаи ҷангҳо аст.
Тармп Амрикоро дубора кабир хоҳад кард?
“Бо дастгирии шумо мо қудрат, ҳукмронӣ, шукуфоӣ ва ғурури давлатамонро бармегардонем”,- гуфт Трамп ду ҳафта пеш аз интихобот.
“Барои Амрико ин асри нави тиллоӣ хоҳад шуд”,- ваъда дод ӯ дар суханрониаш. Ҷонибдорони Трамп ҳам дар дохил ва хориҷ бовар доранд, ки “ӯ Амрикоро дубора кабир” хоҳад кард. Мухолифонаш ҳушдор медиҳанд, ки Трамп демократияи Иёлоти Муттаҳидаро халалдор хоҳад кард.
Трамп ҳанӯз вориди Қасри сафед нашуда, алакай аз барномаҳои ояндааш ҳарф мезанад. Ӯ феълан кабинаи ояндаи худро ҷамъ меоварад ва ба шахсиятҳои ғайрисиёсӣ, ба мисли Илон Маск, вазифаи мушовирӣ ва ба хабарнигори Fox News Пита Хегсета вазифаи вазири дифоъи кишварро ваъда медиҳад.
Дигар изҳороти шадиди ӯ вобаста ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ аст. Трамп гуфт, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро саросар депорт хоҳад кард.
Вале таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон назар ба сиёсати дохилӣ, бештар ба сиёсати хориҷии ИМА равона шудааст. Зеро нақшаҳои Трамп барои ҷомеаи ҷаҳон умедворкунанда мебошад.
Хотимаи ҷанги Русия ва Украина
Трамп гуфта буд, ки метавонад ҷанги Русия дар Украинаро дар “24 соат” поён бахшад. Питер Скерри, профессори улуми сиёсӣ дар Коллеҷи Бостон ба The New York Times гуфт, интизор дорад, ки Трамп ба “як навъ созише” байни Маскав ва Киев пойфишорӣ хоҳад кард, ки ба пешбинии вай маънии “гузашти бузурги Украина”-ро хоҳад дошт”.
Нашрияи “The Wall Street Journal» рӯзи 6-уми ноябр навишт, ки вай «тарҳи мушаххаси сулҳро тасдиқ накарда» ва дар мавриди нақшае, ки ба Путину Зеленский имкон бидиҳад «сари як миз нишинанду ба гуфтушунид сар кунанд», тасмим нагирифтааст.
Владимир Путин, президенти Русия дар изҳороти аввалинаш дар бораи натиҷаҳои интихоботи Амрико рӯзи 7-уми ноябр гуфт, ки майли Трамп дар бораи “эҳёи равобит” бо Маскав ва ёрӣ ба хатми ҷанг дар Украина “ҳадди ақал қобили таваҷҷуҳ аст”.
Ҳафтаи гузашта нашрияи “Вашингтон пост” навишт, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, аз ӯ хостааст, ки ҷанг дар Украинаро шиддат набахшад. Кремл гуфтугӯи Путин ва Трампро рад кард.
The Telegraph менависад, ки Владимир Путин умед дорад то маросими савгандёдкунии Доналд Трамп Русия сарбозони Украинаро аз вилояти Курск берун мекунад. Нашрия дар такя ба Хадамоти истихборотии Британия навиштааст, ки рӯзҳои наздик ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба мавқеъҳои артиши Украина дар вилояти Курск эҳтимол зиёд мешавад. Ҳамчунин инчунин интизор меравад, ки 12 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ вориди ҷанг шаванд.
Сарнавишти Ховари Миёна
Питер Скерри, профессори улуми сиёсӣ дар Коллеҷи Бостон ба The New York Times гуфтааст, ки чандон рӯшан нест, ки Трамп дар мавриди Исроил чӣ хоҳад кард, аммо гуфт “вай шадидан аз Исроил ҳимоят хоҳад кард”, ҳарчанд ҳамзамон талош хоҳад кард, ки Паймони Иброҳимро (Abraham Accords) эҳё кунад. Ин Паймон соли 2020 миёни Исроил, Баҳрайн ва Иморот имзо шуда, ҳадаф аз он барқарор кардани робита байни кишварҳои арабӣ ва Исроил аст.
Трамп чанд моҳ боз хостори хатми ҳарчи зудтари ҷанги Исроил дар Ғазза аст. Ахиран ӯ ба Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт: “Шумо бояд онро зуд хотима диҳед. Ба ғалабаи худ ноил шавед ва онро мағлуб кунед. Ҷанг бояд қатъ шавад, куштор бояд бас шавад».
Трамп аз оғози маъракаи интихоботиаш аз амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза пуштибонӣ мекунад.
Шиддати муносибат бо Чин
Питер Скерри, профессори улуми сиёсӣ дар Коллеҷи Бостон ба The New York Times гуфтааст Чин, ки Трамп дар даври аввали президентияш бо ин кишвар ҷанги тиҷоратиро шуруъ карда буд, ин бор як чистон хоҳад буд. Трамп ваъда кардааст, ки агар Пекин «ба Тайван ворид шавад», нархи боҷи маҳсулоти чиниро боло хоҳад бурд.
Қаблан вай гуфта буд, ки ба далели равобиташ бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, барои ҷилавгирӣ аз муҳосираи эҳтимолии Тайван аз тарафи Чин, неруи низомии Амрикоро ба кор нахоҳад бурд.
Вале коршиносон мегӯянд, ки Чин яке аз ҳадафҳои бузурги Трамп боқӣ хоҳад монд ва ӯ дар давраи президентиаш муборизаи иқтисодиро бо ин кишвар идома медиҳад.
Кейтс Нотон, коршиноси созмони амрикоии “Стратегияи Аксарияти Сокит” мегӯяд “Трамп мехоҳад бештар якравӣ кунад”, вале афзуд, дар гумон аст, ки Конгреси Амрико бо ӯ ҳампо шавад ва муқовимат накунад.
Муносибат бо Тоҷикистон
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико ё С5+1 бистари аслиест, ки Вашингтон аз даврони раёсати Барак Обама аз тариқи он талош мекунад робитаи худро бо минтақа ҳифз кунад. Нишасти охирин дар ин чаҳорчӯб соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден дидор доштанд. Вале бархе аз коршиносон C5+1-ро як бистари ноком медонад ва баргузор шудани нишастҳоро пас аз интихобот намебинанд.
Коршиносон бар онанд, ки нигоҳи Вашингтон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон аз дидгоҳи рақобат бо Маскав ва Пекин хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки ИМА шарик ва кумакрасони муҳим барои Тоҷикистон аст. Тибқи иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар тӯли 29 сол Амрико бештар аз 1,8 миллиард доллар дар ин кишвар сармоягузорӣ кардааст.
Доналд Трамп сиёсатмадори пешгӯйинашванда аст. Дар даври қаблии раҳбариаш ба Амрико низ назарҳо ба тасмимҳои вай гуногун буданд. Вале Доналд Трамп то чӣ андоза барои амалӣ кардани ваъдаҳояш муваффақ мешавад, инро вақт нишон хоҳад дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ