Трамп бо Путин вомехурад
Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, тобистони имсол бо Владимир Путин, президенти Русия мулоқот хоҳад кард.
Ӯ рӯзи 15-уми июн дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, “ин мумкин аст, мо мулоқот хоҳем кард”.Президенти Амрико як бори дигар таъкид кард, ки барои Маскав иҷоза дода шавад, ба гуруҳи G-7 ё ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон бипайвандад.Русия баъд аз тасарруфи нимҷазираи Қрим ва ҳимоят аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина аз G-7 ихроҷ шуд. Ин давъати Доналд Трамп дар иҷлоси ахири ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон дар Канада ҳам садо дод ва муттаҳидони Амрикоро ҳайратзада кард.Доналд Трамп рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, гуноҳи Барак Обама буд, ки ба Русия иҷоза дода дод, то нимҷазираи Қрими Украинаро ишғол кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ