Трамп  бомбаи калотаринро партофту мушовираш ба Афғонистон омад

Баъд аз  партофтани  бузургтарин бомба дар Афғонистон, ки тақрибан 100 ҷангиро  кушт, Герберт Макмастер, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Доналд Трамп, президенти  Амрико вориди Афғонистон шуд.

Қарор аст, ӯ бо мақомоти Афғонистон дидору мулоқот кунад ва дар замоне, ки ҳукумати Доналд Трамп сиёсати Амрико дар баробари Афғонистонро баррасӣ дорад. Рӯзи 13-уми апрел нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти Нангарҳор барои маҳви нақбҳои гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ бори аввал бомби ғайриҳастаии бузургеро ба кор бурданд ва дасти кам 100 ҷангҷӯро куштанд.Президенти  Иёлоти Муттаҳида то кунун ба ояндаи сиёсати кишвар дар Афғонистонро, ки онҷо 8 ҳазору 400 сарбоз дорад, рӯшанӣ наандохтааст. Фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон гуфтааст, ки онҳо ба чанд ҳазор сарбози иловагӣ дар Афғонистон ниёз доранд, то дар ҷанг бо Толибон пешрафт ҳосил шавад.Макмастер дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “барои мулоқоти муҳиме дар бораи ҳамкориҳо” ба Кобул омадааст. Ҳукумати Афғонистон гуфт, ки дар мулоқоти Ашраф Ғанӣ ва генерал Макмастер, дар рӯзи 16-уми апрел “ҳамкориҳои дуҷониба, амният, мубориза бо терроризм ва ислоҳоту рушд” баррасӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *