Трамп дар Гренландия меҳмонсаро месозад
Президенти ИМА Доналд Трамп дар Твиттер тасвири бинои баландошёнаеро бо навиштаи «Trump» дар минтақаи аҳолинишине нашр кард, ки як қисми Гренландия гуфта мешавад. Трамп ба таври шухиомез навишт, «ваъда медиҳам, ки ин корро бо Гренландия нахоҳам кард!».
Трамп 17 август гуфт, аз нигоҳи стратегӣ алоқаманд ҳаст, ки Греландияро барои ИМА бихарад. Вале ба гуфтаи президенти ИМА, ин кор яке аз иқдомҳои афзалиятноки маъмурияти вай нест. Трамп ба рӯзноманигорон афзуд, ки «ин мавзуи рақами як нест».
Нахуствазирони Дания ва Гренландия — Метте Фредериксен ва Ким Килсен пас аз он гуфтанд, ки минтақаи нимамухтори Дания фурӯхта нахоҳад шуд.
Ба иттилои нашрияи Greenland Sermiatsiaq, Килсен дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, «ҳеч кас ба ҷои мо набояд тасмим бигирад. Моро бояд эҳтиром кунанд. Манфиатҳои мо ҳамеша бояд дар мадди авал бошанд».
Гренландия ҳудуди 56 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Ин ҷазира бахши худмухтори Дания буда, мақомоти маҳаллӣ бо умури сиёсии дохилӣ машғуланд ва дар робита ба сиёсати хориҷиву масоили амниятӣ Копенгаген тасмим мегирад.
Интизор меравад, Трамп моҳи оянда ба Дания сафар кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ