Трамп гуфт оилаи муҳоҷиронро аз ҳам ҷудо намекунад

Доналд Трамп, президенти ИМА тасмим дорад, ҳуҷҷатеро имзо кунад, ки аз ҷудосозии аъзои оилаи муҳоҷирон дар марзи Амрикову Мексико пешгирӣ кунад.

«Ман ба зудӣ ҳуҷҷатеро имзо мекунам», — гуфт Трамп рӯзи 20 июн.

Интизор меравад, ин ҳуҷҷат ба хонаводаҳо имкон диҳад, ки ҳатто баъди боздошти аъзои болиғи хонавода бо айби убури ғайриқонунии марз, фарзандон аз онҳо ҷудо карда нашаванд.

Трамп 18 июн гуфт, ки ИМА «урудгоҳи муҳоҷирон» нахоҳад шуд.

Ҳафтаҳои охир дар ИМА баҳсҳо атрофи ҷудо кардани хонаводаҳои муҳоҷир аз ҳамдигар авҷ мегирад. Дар Амрико ахиран марзбонон муҳоҷирони ғайриқонуниро аз фарзандон ҷудо мекунанд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти ИМА хабар доданд, ки давоми ним моҳи охир наздики ду ҳазор кӯдакро аз волидонашон ҷудо кардаанд.

Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Зайд Раад Ҳусейн иқдомҳои ахири ИМА-ро танқид кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *