Трамп Халилзодро Котиби давлатии ИМА таъин мекунад?
Зулмай Халилзод, сиёсатмадори афғонтабори амрикоӣ пас аз дуввумин ҳафтаи пирӯзии Доналд Трамп дар рӯихатти номзад ба вазири хориҷаи ин кишвар ворид шудааст.
Ин зодаи Мазори Шариф, ки замони наврасияш барои таҳсил ба Амрико рафтааст, аз соли 2003 то 2005 сафири Амрико дар Афғонистон ва аз соли 2005 то 2007 вазифаи мазкурро дар Ироқ бар дӯш дошт.
Ба навиштаи расонаҳои амрикоӣ Халилзод дар даврони президентии Ҷорҷ Буш аз наздик бо ӯ кор мекард ва ҳоло ҳам эҳтимоли бисёре вуҷуд дорад, ки Доналд Трамп, ҳамҳизби Буш низ ӯро барои ҳамкорӣ баргузинад.
Дар баробари Зулмай Халилзод, Ҷон Болтон, сафири собиқи Амрико дар СММ, Боб Коркер, узви Маҷлиси сенат, Нют Гингрич, раиси собиқи Маҷлиси намояндагон ва Стенлӣ Мак Кристал, фармондеҳи низомии аршади собиқ дар Афғонистон аз номзадони вазири хориҷаи Амрико мебошанд.
Зулмай Халилзод соли 1951 дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон ба дунё омада соли 1985 шаҳрвандии Амрикоро ба даст овардааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи китоби “Фиристода; аз Кобул то Кохи Сафед, сафарам дар ҷаҳони ошуфта” мебошад, ки ба шакли китоби хотира навишта шудааст.
Дар баробаи ин Доналд Трапм дар суҳбати барномаи “60 дақиқаи”-и телевизиони “CBS” гуфтааст, 400 ҳазор доллар маоши президенти Амрикоро нахоҳад гирифт. Трамп гуфтааст агар ӯро маҷбур ба гирифтани маош кунанд ба таври рамзӣ соле як маротиба 1 долларро хоҳад гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ