Трамп хостори хатми ҷанг дар Сурия шуд

Доналд Трамп, президенти ИМА аз ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон хост, бо гуруҳҳои курд дар шимолу шарқи Сурия созишномаи оташбас имзо кунад. Дар ин бора ноиб-президенти ИМА Майк Пенс иттилоъ дод. Ду президент ахиран суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Пенс ҳамчунин гуфт, дар фурсатҳои наздик ҳайати амрикоиро дар сафари Туркия роҳбарӣ мекунад. Ин ҳайат талош хоҳад кард, ки ҷанги байни туркҳо ва курдҳои Сурия қатъ шавад.

Пештар аз ин мақомоти ИМА зидди вазирҳои дифоъ, энержӣ ва корҳои дохилӣ, инчунин нисбати вазоратҳои дифоъ, энержӣ ва дохилии Туркия таҳрим эълом карданд. ИМА расман ҳукумати Туркияро дар ташаннуҷи вазъ ва густариши хушунат дар минтақа айбдор кард.

Трамп ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки ИМА вазифадор нест, курдҳои Сурияро муҳофизат кунад. «Ман зидди касе нестам, ки мехоҳад, курдҳои Сурияро ҳимоят кунад, бигзор Русия, Чин ва ё Наполеон Бонапарт бошад. Умедворам, муваффақ шаванд, мо дар фосилаи 7 ҳазор мил қарор дорем!», — навишт президенти ИМА.

Ахиран гуруҳҳои курд, ки шимолу шарқи Сурияро таҳти назорат доранд, дар робита ба мустақар кардани неруҳои ҳукуматӣ дар марз бо Туркия, бо Димишқ созиш карданд. Курдҳо умедворанд, бо кумаки артиши Сурия ҳамлаи туркҳоро пас гардонанд.

Артиши Туркия амалиёти низомиро дар шимоли Сурия 9 октябр шуруъ кард. Дар ин бора Раҷаб Эрдуғон дар саҳифаи твиттер хабар дод. Амалиёт номи «Манбаи сулҳ»-ро гирифт. Мақомоти Туркия гуфтанд, ҳадаф аз амалиёт — мубориза бо гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» ва гуруҳҳои мусаллаҳи курдӣ дар минтақа аст. Туркия ҳамчунин иддао дорад, ки қасдаш аз ин амалиёт таъсиси минтақаи амне дар марзи Туркияву Сурия аст, то фирориҳои Сурия тавонанд ба манзилҳояшон баргарданд.

Намояндаи «Неруҳои демократии Сурия» Мустафо Балӣ гуфт, неруҳои ҳавоии Туркия дар шимоли Сурия ба «минтақаҳои аҳолинишин» ҳамла мекунанд. Вай пештар аз ин огоҳ карда буд, ки «агар артиши Туркия ба минтақаи таҳти назорати курдҳо ворид шавад, зидди артиши Туркия ҷанг хоҳанд кард».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *