Трамп: Ким одами доно  аст ва мардумашро дӯст медорад

Рӯзи 12-уми июн дар Сингапур мулоқоти таърихии раҳбарони Амрикову Кореяи Шимолӣ – Доналд Трамп ва Ким Чен Ун баргузор шуд. Натиҷаи аслии музокирот – омодагии мақомоти Пхенян барои озод кардани нимҷазираи Корея аз силоҳи ҳастаӣ мебошад.

Дар поёни нишаст хабарнигори “Садои Амрико” Ван Састерн аз президенти Амрико Доналд Трамп хост, ки таассуроташро аз ин музокирот бигӯяд.

Ван Састерн: Чӣ чиз Шуморо дар шахсияти Ким Чен Ун дар ҳайрат гузошт?

Доналд Трамп: Ӯ инсони ҷолиб аст. Шахси хушҳол, бисёр доно ва як музокиракунандаи хуб аст. Ӯ мардуми худро дӯст медорад. На инки ман ҳайратзада шудам, вале ӯ мардуми худро дӯст медоштааст. Ба фикрам, мо ба як созиши хеле хубе даст ёфтем. Мо Кореяи Шимолиро аз силоҳи ҳастаӣ пок мекунем. Ин кор билофосила шурӯъ мешавад. Вале боз кори зиёд дар пеш аст, аз ҷумла бояд бозмондаҳои сарбозони амрикоиро, ки дар ҷараёни ҷанги Корея кушта шуданд, ба ватан баргардонем. Корҳои марбут ба Кореяи Шимолӣ хеле муҳиманд, вале бозгардони бозмондаҳои сарбозони амрикоӣ ҳам барои мардуми хеле зиёд зарур аст. Онҳо ба ман телефон карданду нома заданд, ки “илтимос, ҳамин корро анҷом диҳед” ва ман ҳам розӣ шудам. Дар он ҷанг ҳазорҳо нафар нобуд шуд ва ин чизҳо ҳама муҳим ҳастанд.

Ван Састерн: Шумо дар мулоқоти имрӯза дар бораи ҳуқуқи инсон ҳам сӯҳбат кардед? Вокуниши ӯ чӣ гуна буд?

Донал Трамп: Хеле хуб буд. Бешубҳа, 90 дарсади ҷараёни музокирот дар атрофи мавзӯи халъи силоҳи ҳастаӣ буд, вале мо ба дигар мавзӯъҳо ҳам рӯ овардем. Мавзӯи ҳуқуқи башар ва бозгардони бозмондаҳо ҳам матраҳ шуд. Дар санади ниҳоӣ ҳам ин чизҳо навишта шудааст, мо инро дар санад зикр кардем. Умуман, онҷо чизҳои зиёди хубе ҳаст. Мо ба дастоварди бештар назар ба онки интизор доштем, даст ёфтем.

Ван Састерн: Бигӯед, дар пушти саҳна чӣ мегузашт? Оё Шумо ба ӯ шарт гузоштед? Ё ӯ ҳам ба Шумо шарте гузошт? Сӯҳбати Шумо чӣ гуна буд?

 

Доналд Трамп: Шартгузорӣ нашудааст. Омодагӣ ба музокирот се моҳ идома дошт, дар он нафарони зиёд, аз ҷумла котиби давлатӣ Майк Помпео иштирок кард, ки кори хеле зиёдеро ба сомон расонд. Мо дар давоми муддати зиёд бо онҳо дар тамос будем ва вақте имрӯз вохӯрдем, якбора муносибатҳо хуб шуд. Ин соати 25-уми кори ман аст, ман 25 соат нахобидам. Музокирот тӯлонӣ буд, вале ман аз натиҷааш розӣ ҳастам. Ҷараён оғоз шуд. Ҳамаи ин метавонист бо ҷанг анҷомад. Дар натиҷа сарнавишти миллионҳо одам… шумо медонед, ки аз Кореяи Шимолӣ чиро интизор будан мумкин аст. Дар Сеул 28 миллион нафар зиндагӣ мекунад ва ҳамаи онҳо метавонистанд нобуд шаванд. Вале ҳоло мо як созишнома имзо мекунем.

Ван Састерн: Бо нирӯҳои мо чӣ мешавад? Онҳо дар Кореяи Ҷанубӣ хоҳанд монд?

Доналд Трамп: Бале, мемонанд. Мо ба ин масъала муроҷиат накардем. Мо тамринҳоро хотима медиҳем, қимати онҳо хеле гарон аст. Аввал инки онҳо таҳрик доданд, ман мехоҳам онҳоро хотима диҳем, вале Кореяи Шимолӣ аз ин чиз хурсанд аст, чунки ин чиз мояи асабонияти онҳо буд. Барои мо ин тамринҳо гарон меафтод. То замоне ки мо гуфтугӯҳои ошкоро дорем, тамринҳо баргузор намешавад.

Ван Састерн: Чӣ сабаб шуд, ки Ким баъди таҳдидҳои зиёд бо силоҳ сари мизи гуфтушунид нишаст?

 

Доналд Трамп: Таҳдиди силоҳ то замоне буд, ки ман президент шудам. Онҳо аз стратегияи хомӯшӣ кор мегирифтанд, чизеро баррасӣ кардан намехостанд, вале ин дуруст нест. Муҳим аст, ки мо корро аз куҷо шурӯъ кардем. Рости гап, ман ҳам гуфтани ин гапҳоро дӯст намедорам, вале бисёриҳо ба ин бовар буданд, ки ман кори хато мекунам. Вале бидуни чунин рафтор мо ҳоло дар ин ҷо набудем. Бовар дорам, ки ӯ воқеан ҳам мехоҳад созиш кунад ва ба натиҷае даст ёбад.

Ван Састерн: Ба хотири чӣ?

Доналд Трамп: Чунки мефаҳмад, ки мо шӯхӣ намекунем. Ба назарам, дар гузашта ӯ ҳамаро дигаргуна мефаҳмид. Дар гузашта ин корҳоро афроди дигар мекарданд ва аз дасти онҳо чизе наомад. Вале ҳоло ӯ дарк мекунад, ки мо мехоҳем созиш кунем ва дар оянда ҳам ба ҳамин ақида хоҳем буд. Бо ин ки фурсати зиёд нагузаштааст ва мо нисбат ба Кореяи Шимолӣ аз мавқеи шадидлаҳн кор мегирифтем. Вале ҳоло санаде имзо шуд, ки назар ба интизориҳои бисёриҳо хеле муфассал аст. Касе бовар надошт, ки чунин мешавад.

Ван Састерн: Вақте мулоқот анҷом шуд, ӯ дар бораи Шумо чӣ фикр кард?

Доналд Трамп: Ба назарам, мо ба ҳамдигар писанд омадем. Медонам, ки дар гузашта чӣ буд, зарур нест, ки ёдовар шавед. Ӯ як марди қавӣ аст. Ӯ бояд хашин мешуд ва ҳамингуна ҳам буд. Вале мо бо ӯ муросо кардем. Ӯ боақл аст, мардуми худро дӯст медорад, кишварашро дӯст медорад. Ӯ хостори беҳбудҳои зиёд аст ва мо музокиротро идома медиҳем.

Ван Састерн: Охир мардумаш гурусна аст. Ӯ бо онҳо муносибати бад мекунад ва ҳамзамон онҳоро дӯст медорад?

 

Доналд Трамп: Гӯш кунед, ӯ кореро мекунад, ки то омадани ӯ ҳам буд. Ман ҳамингуна фикр мекунам. Вале бояд ба он чи ки имрӯз гузашт, назар кунем. Дирӯз ва чанд ҳафта пеш як чизи муҳиме шурӯъ шуд. Бидуни гапҳои такрориву таҳрим. Таҳрим муҳим буд ва ҳоло ҳам побарҷо мемонанд, то замоне ки шоҳиди тағйирот нашавем, то замоне ки халъи силоҳ шурӯъ ва анҷом нашавад.

Ван Састерн: Ин сӯҳбати Шуморо бо “Садои Амрико” шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ, Ҷумҳурии Мардумиву Демократии Корея мебинанд. Шумо ба онҳо чизе гуфтан мехоҳед?

Доналд Трамп: Шумо раҳбаре доред, ки ғами Шуморо мехӯрад. Ӯ хостори беҳбудӣ ва ҳам хубӣ аст ва муносибатҳои мо хуб ҳастанд. Дар муносиботи мо як дилгармие пайдо шуд ва ман инро қадр мекунам. Ин хеле муҳим аст. Чунин мешавад, ки дар байни одамон ҳеҷ дилгармие пайдо намешавад, ҳар чизе ки накунӣ, намешавад. Вале дар муносиботи мо чунин гармӣ пайдо шуд. Бовар дорам, ки Кореяи Шимолӣ ояндаи хубе дорад.

 

Ван Састерн: Ҷаноби президент, аз сӯҳбати Шумо дар нуқтаи дигари сайёра хушҳол шудам.

Доналд Трамп: Рост мегӯед. Парвоз тӯлонӣ аст. Ман тавонистам каме бихобам. Каме истироҳат кунам.

Ван Састерн: Роҳи сафед.

Доналд Трамп: Ташаккур, сарбаланд шудам

Бознашр аз «Озоди»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *