Трамп мехоҳад, ки боз президент шавад

Доналд Трамп, собиқ президенти Амрико эълон кард, ки номзадиашро барои иштирок дар интихоботи  навбатии президентӣ пешбарӣ хоҳад кард. Интихоботи президентӣ дар Амрико соли 2024 баргузор мешавад.

Аз ҷумла, шоми 15 ноябр Доналд Трамп дар миёни тарафдоронаш дар Флорида аз сиёсатҳои ҳукумати Ҷо Байден интиқод кард. «Барои боз гардонидани азамат ва шукуҳи Амрико ман имшаб номздаии худро барои президентии ИМА эълон мекунам», -гуфт ӯ.

Ин барои бори савум аст, ки Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрико номзад мешавад. Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2020 аз Ҷо Байден шикаст хӯрда буд.

Доналд Трамп дар ин суханронӣ таъкид кард, «аммо ҳамон тавр, ки дар соли 2016 ваъда дода будам, ман садои шумо ҳастам, ман садои ту ҳастам. Онҳое, ки дар Вашингтон нишастаанд, мехоҳанд моро хомӯш кунанд, аммо иҷозаи ин корро ба онҳо намедиҳем».

Доналд Трамп ваъда дод, ки «демократҳои чапи радикал»-ро, ки талош доранд Амрикоро аз дарун вайрон кунанд, «шикаст» хоҳанд дод. Ӯ афзуд, «ман номзадиамро эълон мекунам, зеро бовар дорам ҷаҳон ҳанӯз шукуҳи воқеии ин миллатро надидааст. Мо ба ин авҷ нарасидаем».

Президенти пешини ИМА дар идома аз амалкардҳои худ дар чор соли роҳбариаш дар арсаҳои гуногун дифоъ кардааст.

Доналд Трамп бори нахуст дар интихоботи президенти Амрико соли 2016 бар рақибаш Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд ва ба Кохи Сафед роҳ ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *