Трамп: Раҳбари ДОИШ дар Сурия кушта шуд

Абубакри Бағдодӣ (Абубакр ал-Бағдодӣ), раҳбари гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» ё ДОИШ, ки тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Ироқу Сурия ба сафи он пайваста ​буданд, кушта шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 27-уми октябр дар муроҷиати телевизионӣ гуфт, Бағдодӣ дар натиҷаи амалиёти нирӯҳои амрикоӣ дар шимоли ғарби Сурия худро тарконд.

«Шаби гузашта Иёлоти Муттаҳида раҳбари террористи шумораи яки ҷаҳонро ба дасти адолат супурд. Абубакр Бағдодӣ мурдааст. Ӯ бунёдгузор ва раҳбари ДОИШ, бераҳмтарин ва хашинтарин созмони террористӣ дар ҷаҳон буд», — хабар дод Трамп рӯзи якшанбе.

Вай афзуд, дар ин амалиёти хатарнок ҳеч яке аз нерӯҳои амрикоӣ ҳалок нашудаанд.

«Бағдодӣ се бачаи ҷавонашро бо худ гирифта буд ва вориди туннел шуд. Дар ҳоле ки сагҳои мо ба дунболаш буданд, ба охири туннел расид ва худу се бачаашро кушт. Озмоишҳое, ки анҷом шуд, фавран ҳувияти Бағдодиро мушаххас кард. Худи ӯ буд. Аз биное, ки Бағдодӣ қарор дошт, иттилооти бисёр ҳассосро гирифтем, дар бораи ДОИШ ва тарҳҳои ояндаи он», — афзуд ӯ.

Раиси ҷумҳури Амрико Абубакри Бағдодиро “тарсу” ва “бозанда” тавсиф кард ва гуфт, «ӯ як марде мариз ва маҳрум буд ва акнун аз байн рафтааст».

Доналд Трамп афзуд мегӯяд, шумори зиёде аз ҳамроҳони раҳбари ДОИШ дар ҷараёни амалиёт кушта шудаанд.

Пеш аз изҳороти Трамп, CNN, Newsweek ва Reuters навиштанд, ки нерӯҳои амрикоӣ рӯзи шанбе дар шимолу ғарби Сурия, маҳалле ки гумон мерафт раҳбари ДОИШ дар онҷо паноҳ бурдааст, амалиёт гузаронданд. Newsweek аз қавли як манбаъ дар артиши Амрико гуфт, дар ҷараёни амалиёт Абубакри Бағдодӣ кушта шудааст.

Хабаргузории Reuters бо такя ба як мақоми низомии Амрико гуфт, амалиёт дар вилояти Идлиби Сурия баргузор шуд.

Дар пайи он мақомоти Кохи Сафед гуфтанд, ки президент Доналд Трамп рӯзи якшанбе “суханронии муҳим” хоҳад кард, вале сухангӯи Кохи Сафед нагуфт, ки изҳороти раиси ҷумҳур ба чӣ рабт дорад. Худи Трамп дар Твиттер навишта буд, ки «алъон иттифоқи бисёр бузурге рӯй дод.»

Абубакри Бағдодӣ панҷ сол пеш дар «Масҷиди Нур» дар шаҳри Мавсили Ироқ хилофати худро эълон кард. Кишварҳои мухталиф ва ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, гурӯҳи зери раҳбарии ӯро ба феҳрасти созмонҳои террористӣ ҷой карданд.

Дар гузашта дар бораи кушта шудани Абубакри Бағдодӣ чанд дафъа хабарҳо нашр шуда буд. Намояндагони Амрико ва Ироқ тахмин мезаданд, ки раҳбари ДОИШ дар Сурия ва дар наздикии марз бо Ироқ сукунат дорад. Иёлоти Муттаҳида барои ёфтанаш 25 миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд.

Моҳи феврали соли 2018 чанд мақоми амрикоӣ гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии моҳи майи 2017 Бағдодӣ сахт маҷруҳ шуда, дастикам панҷ моҳ назорати ин гуруҳи тундравро аз даст додааст.

Бағдодӣ зодаи Ироқ аст ва бино ба гузоришҳо аз ҳамсари аввали худ чаҳор фарзанд ва аз зани дувумаш як писар дорад. Моҳи июли имсол дар бораи кушта шудани яке аз писаронаш гузоришҳо пахш шуда буд.

Абубакри Бағдодӣ моҳи апрели имсол дар як навори видеоӣ пайдо шуд ва гуфт, ДОИШ интиқоми қатл ва зиндонӣ кардани ҷангҷӯёнашро меситонад. Ин замоне буд, ки шӯришиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» охирин паноҳгоҳи худ дар Боғузи Сурияро аз даст доданд.

Гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар тобистони соли 2014 тавонист бахшҳои калоне аз Сурия ва шимоли Ироқро ба тасарруфи худ дароварад. Ин гурӯҳ дар панҷ соли ахир ҳазорон танро дар Ироқ, Сурия ва баъзе аз кишварҳои дигар ба қатл расонд ва ҳамчунин ҳазорон танро ба асорат гирифт ва осори фарҳангиро вайрон намуд.

Аз замони таъсиси ДОИШ дар Сурияву Ироқ дар 2014 тақрибан ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон низ ба ин ду кишварҳо рафта, ба сафи гурӯҳи мазкур ва дигар созмонҳои тундрав пайвастаанд. Даҳҳо нафари дигар барои қасди пайвастан ба ин гурӯҳ ё бо анҷоми амали террористӣ бо супориши ҷангҷӯён аз хоки Сурия ва Ироқ боздошту зиндонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *