Трамп таҳримҳои зидди Туркияро бекор кард
Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи чоршанбе таҳримҳоеро бекор кард, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш зидди Туркия барои амалиёт дар шимоли Сурия алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳи курд — ҳампаймонони Вашингтон дар ҷанг бо гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» — ҷорӣ шуда буданд.
Ба гуфтаи Трамп, таҳримҳо барои он бекор шуданд, ки амалиёти Туркия дар шимоли Сурия қатъ гашт. Трамп гуфт, амалиёти мазкур маҳз дар натиҷаи талошҳои ИМА қатъ шуд.
Президенти ИМА бори дигар ба дуруст будани тасмими худ дар бораи бурунрафти нирӯҳои амрикоӣ аз шимоли Сурия таъкид кард. Ӯ гуфт, акнун масъулияти минтақае, ки тез-тез шоҳиди хунрезиҳо мешавад, бар зиммаи кишвари дигар хоҳад буд.
Ӯ ҳамчунин аз созишномаи Анқара ва Москва ёдовар шуд, ки бар пояи он, як қисми марзи Сурия бо Туркияро низомиёни турк ва як қисми дигарро сарбозони Русия назорат хоҳанд кард.
Пулиси низомии Русия дар доираи созишномаи мазкур рӯзи чоршанбе дар шимоли Сурия фаъолиятро оғоз кард. Пештар хабар дода шуд, ки корвони мошинҳои пулиси низомии Русия рӯдхонаи Фуротро гузашта, ба самти марзи Сурия бо Туркия ҳаракат карданд.
Намояндагони ҳар ду ҳизби ИМА — ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон тасмими Трампро барои берун бурдани нерӯҳои амрикоӣ аз шимоли Сурия танқид карда, гуфтанд, ки ӯ бо ин кораш роҳро барои амалиёти Туркия зидди курдҳо ва тақвияти таъсири Русия дар он кишвар боз кард.
Президенти ИМА рӯзи чоршанбе ҳамчунин афзуд, ки як қисми нерӯҳои амрикоӣ дар шимоли Сурия барои муҳофизати чоҳҳои нафт мемонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ