Трампро ба нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ айбдор карданд

Доналд Трампро демократҳои Иёлоти Муттаҳида барои шарҳи манфияш нисбат ба чандин зани аъзои Палатаи намояндагони ин кишвар танқид карданд.

Доналд Трампро демократҳои Иёлоти Муттаҳида барои шарҳи манфияш нисбат ба чандин зани аъзои Палатаи намояндагони ин кишвар танқид карданд.

Оиди ин Трамп гуфтааст, ки бонувон бояд ба ҷои танқиди маъмурияти президенти Амрико ба ҷорӣ кардани тартибот дар кишварҳое мусоидат кунанд, ки дар онҷо зода шудаанд.

Президенти Амрикоро ҳамчунин ба нажодпарастӣ айбдор мекунанд. Чунки дар миёни раҳбарони ҷиноҳи ба истилоҳ, тараққипарвари Ҳизби демократи ИМА намояндагони ақалиятҳои нажодӣ ва динӣ ба монанди Александрия Окасио-Кортес, Рашида Тлаиб ва Илхон Умар ҳастанд. Вале Трамп аз касе мушахассан ном нагирифтааст.

Тавре Трамп дар Твиттер навиштааст, назорати занҳои тараққипарвари демократ — узви Конгресс, ки худ аз кишварҳои фасодзадатарини ҷаҳон омада, барои мардуми ИМА — нирӯмандтарин ва бузургтарин кишвари дунё чи кор кардани ҳукуматро нишон медиҳанд, ҷолиб аст.

Дар зимн ӯ аз ин занҳо хостааст, ба ҷои танқиди маъмурияти ИМА ба ҷорӣ кардани низому тартибот дар кишварҳои худ кумак кунанд.

Раиси Палатаи намояндагони ИМА Нэнсӣ Пелосӣ Трампро ба он айбдор кард, ки гӯиё мехоҳад боз Амрикоро «сафед» кунад. Номзадҳои демократ ба мақоми президентӣ, аз ҷумла Ҷо Байден ва Берни Сандерс Трампро ба нажодпарастӣ ва бегонаситезӣ айбдор карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *