Трампу Ун мулоқот намекунанд

 Доналд Трамп, президенти  Амрико мулоқоти худ бо роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Унро, ки қарор буд моҳи оянда дар Сингапур баргузор шавад, баргузор намекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Кореяи Шимолӣ чанд рӯз пеш эълон кард, ки ба таври якҷониба аз силоҳи ҳастаии худ даст нахоҳад кашид ва мумкин аст ин мулоқот баргузор нашавад. Президенти Амрико  сабаби лағви ин мулоқотро «душмании ошкор» дар мавқеъгирии ахири ҳукумати Кореяи Шимолӣ гуфт.Доналд Трамп дар номае ба раҳбари Кореяи Шимолӣ, ки Кохи Сафед мунташир кард, гуфтааст, ба хотири мавқеъгириҳои ахири Кореяи Шимолӣ, «дар ҳоли ҳозир чунин нишасти аз пеш барномарезишудае муносиб нест.»Трамп  дар номаи худ хитоб ба Ким Чен Ун бо зикри ин, ки «бисёр чашминтизори ин дидор будам», афзудааст, ки «мутаассифона ба хотири хашми бузург ва душмании ошкоре, ки дар тозатарин баёнияи шумо дида мешавад, ҳис мекунам муносиб нест дар ин марҳила ин нишастро, ки аз қабл барномарезӣ шуда буд, баргузор кунем.» Доналд Трамп ин амрро «аз даст рафтани як фурсат» хонд ва ибрози умедворӣ кард, ки баъдҳо бо раҳбари Кореяи Шимолӣ мулоқот кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *