Трансфери рекорди: 503 млн эвро барои бейсболист
Бейсболисти дастаи «Канзас-Сити Чифс» — Патрик Махоумс шартномаи гаронарзишро дар таърихи варзиш имзо кард. Дифоъгари дастаи «Канзас-Сити Чифс» — Патрик Махоумс бо ин натиҷа аз бейсболист Майк Траут, ки соли 2019 бо дастаи «Лос-Анҷелес Энҷелс» шатномаи 12 соларо бо арзиши рекордии 430 млн евро ба имзо расонида буд, пеш гузашт. Патрик Махоумс бо дастааш қарордоди ҳамкории 10 сола ба имзо расонид, хабар медиҳад тв Варзиш.
Гуфта мешавад, ки созишномаи нави Махоумси 24-сола аз мавсими 2022 оғоз мешавад.
«Аз замони шомил шуданаш Патрик Махоумс ба дастаи «Канзас-Сити Чифс» ба яке аз варзишгарони пуртаҷриба дар ҳама намуди варзиш табдил ёфтааст», —мегуяд Раиси Шурои директорони даста Кларк Хант.
Шабакаҳои CNN ва ESPN хабар медиҳанд, ки бозигар дар ин фурсату фосила аз дастааш 430 млн доллар ба даст меорад. Дар сурати муваффақият овардан ба дастааш ин маблағ ба 503 млн доллар афзоиш меёбад, ки ин натиҷа дар таърихи варзиш бе собиқа унвон мешавад. Ҳамин тавр Махоумс ба шартномаи гаронарзиштарин дар таърихи варзиш мушарраф гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ