ТШСИ: Тоҷикистон Барномаро оид ба ҳуқуқи соҳибмулкӣ татбиқ мекунад

Шаффофияти даромадҳои ҳукумат аз сохтори истихроҷ барои ҳисобот муҳим аст, аммо он дар бораи нафаре, ки соҳиби ширкатҳои нафту газистеҳсолкунӣ ва ширкатҳои истихроҷи кӯҳӣ буда, аз фаъолияти онҳо фоида мегирад, маълумоти кам медиҳад. Дар Тоҷикистон татбиқи амалии харитаи роҳҳо оид ба ҳуқуқи соҳибмулкӣ шурӯъ шудааст.

Шахсияти  ҳаққонии соҳибон — «бенефитсиарҳо» – ширкатҳое, ки ҳуқуқи истихроҷи  нафту газ ва минералҳоро доранд, аксар вақт дар паси гурӯҳи ашхоси ҳуқуқии аз ҳисобот берунмонда номаълум мемонад. Ин мушкилот  ба дигар сохторҳо  низ дахолат намуда, аксаран манбаи ғизогирии коррупсия ва гурез аз андозсупорӣ мебошад.  Одамони дар кишварҳои аз ҷиҳати захираҳои табиӣ бой сукунатдошта аз талафоти махсус эмин нестанд, зеро активҳои соҳаҳои истихроҷ аксар вақт берун аз меъёр ва ба мақсадҳои коррупсионӣ истифода бурда мешаванд.

Бо роҳи Меъёри ТШСИ соли 2016 қабулшуда (низоми 2.5) ТШСИ қарор кард, ки  то 1 январи соли 2020 ҳамаи кишварҳои татбиқкунанда   шахсони ҳуқуқиеро, ки  дар савдои активҳои соҳаҳои истихроҷкунанда, истифода ё сармоягузории онҳо иштирок мекунанд таъмин намоянд ва ҳатман  шахсияти соҳибмулконро ошкор бисозанд.

Бар замми ин, ҳамаи шахсони аҳамияти сиёсидошта, ки соҳибмулк ҳастанд, маълум карда шаванд. ТШСИ тавсия медиҳад, ки маълумот дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкӣ  тавассути реестерҳои кушода ошкор карда шавад. Ба сифати  талаботи ҷузъитарин иттилооти мазкур бояд ба гузоришоти ТШСИ ворид карда шавад, зеро ҳисобот  бояд истинод ба заминаи он-лайнии маълумот дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкиро молик бошад.

Чаро ин муҳим аст?

Лоиҳа дар бобати сохтори истихроҷкунанда метавонад манфиати бештар  ҳам барои ширкатҳои истихроҷкунанда ва ҳам барои ҳукумат биёрад.  Аксаран  чунин лоиҳаҳоро метавонанд ширкатҳои масъуле, ки неруи зарурии техникӣ ва молиявиро баҳри коркарди  активҳои соҳаҳои истихроҷкунанда дороянд, амалӣ намоянд. Аммо таҷриба, мутаассифона, нишон медиҳад, ки  аксар ҳолат, бахусус дар мисоли ҳукумати заиф, ҳуқуқи истихроҷ намудани нафту минералҳоро метавонанд ба ширкатҳои ба чунин неру қодирнабуда вогузор менамоянд. Эҳтимол меравад, ки ба ин ширкатҳо метавонанд дастрасӣ ба лоиҳаҳои фоидаовари соҳаҳои истихроҷкунандаро бо сабаби робитаҳои сиёсӣ доштани соҳибони онҳо, ки созишҳои шубҳанок карда,   ба ҷойи фоидаорӣ ба ҷомеаи васеъ ба гурӯҳи хурди одамон даромад ваъда медиҳанд, имкон бидиҳанд.

Тибқи ҳисобҳои кардашуда кишварҳои рушдёбанда ҳар сол то андозаи 1 триллион доллари ИМА-ро дар натиҷаи коррупсия ё созишҳои ғайриқонунӣ, ки   ба онҳо ширкатҳои қалбакӣ ҷалб шудаанд, бой медиҳанд. Соли  2013 гурӯҳи инкишофи Африко ҳисоб кард, ки  Ҷумҳурии Демократии Конго дар давраи солҳои 2010-2012  аз панҷ созиш дар саноати истихроҷи кӯҳӣ, ки дар паси сохтори махуфи мураккаби моликии ширкатҳо пинҳонӣ фаъолият доштанд, на камтар аз 1,36 млрд.  доллари ИМА маҳрум гаштааст. Мувофиқи ҳисоботи ТШСИ-и Конго ин маблағ қариб ба даромади миёнасолии мамлакат аз истихроҷи нафту газ ва захираҳои минералӣ дар давраи ҳамон вақт баробар мебошад.

Ошкорнамоии ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба коҳиши суиситифодаи хароҷоти молиявӣ сабаб мешавад.  Шаффофият дар масъалаҳои ҳуқуқи соҳибмулкӣ барои бартарафнамоии фасод дар созишҳои истихроҷ ёрӣ мерасонад, пеши нархҳои дохилифирмавии трансферӣ, гурез аз андозсупориро мегирад ва ба беҳбудии мухити сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Ҳуқуқи соҳибмулкӣ дар Тоҷикистон

Татбиқи Барномаи роҳҳо оид ба ҳуқуқи соҳибмулкӣ дар Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2017 шурӯъ шуда, бояд муддати се сол – то охири соли 2019 татбиқи худро ёбад. Дар он тамоми қадамҳои эҳтимолӣ барои дастрасӣ ба мақсадҳои меъёри ТШСИ доир ба ошкорнамоии соҳибмулкони ширкатҳои истихроҷкунанда мушаххас инъикос ёфтааст.

Хароҷоти эҳтимолӣ ва маблағгузорӣ барои татбиқи Барнома оид ба роҳҳо (бидуни баҳисобгирии ёрии молиявӣ доир ба тартибсозии реестери соҳибмулкон)  барои солҳои 2017-2019 183 ҳазору 550 доллари ИМА тасдиқ гардидааст.

Барои ёрирасонии техникӣ ва молиявӣ доир ба мураттабсозии реестри соҳибмулкон ва  идораи дахлдори системаи автоматикунонидашудаи  ҷамъоварии маълумот оид ба ҳуқуқи соҳибмулкӣ– 367 ҳазори доллари ИМА ҷудо шудааст

Ба нақша гирифта шудааст, ки маблағгузорӣ аз тарафи донорҳо дастгирӣ ёфта, татбиқи нақшаҳо  аз ҷониби Гурӯҳи бисёртарафаи ҷонибҳои  мутаваҷҷеҳ (ГБҶМ), ки ба он намояндагони ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ширкатҳои муаррификунанда дар Шӯрои ТШСИ-и Тоҷикистон  шомиланд, амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, дар муҳлати наздиктарин таъсиси гурӯҳи байниидоравӣ бо иштироки ҷонибҳои мутаваҷҷеҳ доир ба пешбарӣ ва мониторинги татбиқи харитаи роҳҳо, баргузории тавзеҳ ва баҳогузории муқоисавии стратегияҳо,  барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ ба назар гирифта шуда, аз рӯйи зарурат гурӯҳи корӣ ба даровардани тағийрот ба нақшаҳои ҷории ҳукумати мамлакат мусоидат менамояд.

Дар доираи  Барнома оид ба  роҳҳо, инчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи захираҳои зеризаминӣ ва истифодабарии захираҳои зеризаминӣ», аз ҷумла воридкунии меъёрҳои ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба миён оварда мешавад. Коркарди лоиҳаи тартиби истифодаи Реестри соҳибмулкон, мутобиқсозии он бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то тасдиқи он низ ба зиммаи гурӯҳи корӣ вогузор мешавад.

Дар ҷараёни татбиқи Барнома оид ба роҳҳо рӯйхати амалкунандаи соҳибмулкон, реестрҳо ва иттилооти дастрас бо мақсади дар онҳо ошкорнамоии ашхоси сиёсии шинохта барои муайянсозии саҳми иштироки онҳо дар ширкатҳои истихроҷкунанда  мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Маълумоти бештарро дар бораи ҳуқуқи соҳибмулкӣ шумо метавонед дар сомонаи www.eiti.tj пайдо кунед.

Котиботи миллии ТШСИ дар Тоҷикистон.

Таҳияи Эмом НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *