Туғаланг Убайдуллои Файзулло шуд. Тағйири номи чанд кӯча дар Ҷалолиддини Балхӣ

 Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кӯчае ба номи Убайдуллои Файзулло собиқ раиси ноҳияи мавриди назар гузошта шуд. Ӯ ҳанӯз соли декабри соли 2022 дар ҳоле даргузашт, ки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ буд.

Номгузории кӯчаи ҳамакнун собиқ Туғаланг дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба номи Убайдуллои Файзулло дар иҷлосияи бистучоруми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи қабул шудааст.

Ҳамчунин кӯчаҳои Гогол ба номи Аҳмади Дониш, Қазоқон ба номи Соҳилӣ, 1-уми май ба номи Рӯдакӣ, Калинин ба номи Спитамен, Румӣ ба номи Исмоил Сомонӣ ва кӯчаи Туғаланг ба номи Убайдуллои Файзулло гузошта шудааст.

Убайдуллои Файзулло, раиси собиқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  ҳанӯз декабри соли 2022 вафот кард. Ӯ дар гузашта дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла раиси ноҳияи Хуросон ва Ҷалолиддини Балхӣ фаъолият кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *