Туҳфаи Фараҳманд Каримов ба 30-солагии Артиши миллӣ
Фараҳманд Каримов — овозхони ҷавони тоҷик таронаи нави худро бо номи “Сарбози ишқ” дар ютубканали шахсиаш нашр кард.
Намоҳанги “Сарбози ишқ”-и овозхон ҳам бо наворҳои хазинаи телевизион, ки лаҳзаҳои гусели наваскарон, қадамзании сарбозон, тамринҳои пай дар пайи онҳо ва наворҳои навгирифташуда, ки худи Фараҳманд дар иҳотаи сарбозон бо гирата суруд мехонад, сабту таҳия гардидааст.
Матни суруди нави Фараҳманд Каримов аз қалами шоири шинохта Озарахш буда, дар худ чунин мисраъҳоро дорад:
Очаҷон, гиря макун, меравам ба аскарӣ,
Писарат гашта калон, ки дигар ғам нахӯрӣ.
Модаро, гиря макун, меравам ба аскарӣ,
Ба ҳимояти ватан, ба диёри падарӣ.
Гуфтан ҷоиз аст, ки вақтҳои охир ҳунарманди ҷавон сурудҳои кам нашр мекунад ва таҳияи ин тарона барои тамоми ҳаводоронаш муждаи дуюмбора баргаштану сурудҳои тару тоза пешниҳод карданаш аст, зеро мувофиқи эълонҳо рӯзи 18-уми март консерти яккаи худро барпо мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ