Туҳфаи идонаи Зулайхо Маҳмадшоева
Овозхони саршиноси кишвар Зулайхо Маҳмадшоева хабар дод, ки барои тамоми мухлисонаш туҳфаи идона дорад.
Аз ҷумла, ӯ навиштааст:
— Рӯзи 21-уми апрели соли ҷорӣ туҳфаи идонаи ман баҳри ҳамаи шумо — ин таронаи нав бо номи “Фархор” бо намоҳангаш пешкаш мешавад.
Зулайхо Маҳмадшоева аллакай анонси таронаашро, ки дида мешавад дар роҳе даруни мошин суруд мехонад, нашр кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ