Туҳфаи раиси шаҳр Mercedes – Sprinter ба кормандони милитсия

Раиси шаҳри Исфара ба кормандони милитсияи наздимарзии ШВКД -1 дар шаҳри Исфара мошини Mercedes – Sprinter тақдим намуд

Баҳоваддин Баҳодурзода, шарҳдори Исфара калиди мошинро зимни таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик ба кормандони он тақдим кардааст.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи раиси шаҳри Исфара дар суҳбат ба манбаъ гуфт, ин тӯҳфа ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз фаъолияти кормандони милитсия буда, онро минбаъд ҳайати ШВКД -1 дар шаҳри Исфара истифода хоҳанд кард.

«Имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ, раиси шаҳр калиди мошинро ба сардори ШВКД -1 дар шаҳри Исфара тақдим намуд”, — афзуд Шомадов.

Дар шаҳри Исфара шуъбаҳои 1 ва 2 -и Вазорати корҳои дохилӣ амал мекунад. Минтақаи фарогирии фаъолияти ШВКД — 1 ба ҷузъ маркази шаҳр инчунин ҷамоатҳои наздимарзии Лаккон, Шӯроб, Кӯлканд ва Чилгазии шаҳри Исфара ба ҳисоб меравад.

Шаҳрдори Исфара дар ҷараёни таҷлили Рӯзи милистияи тоҷик инчунин ба як гурӯҳ кормандон ва собиқадорони соҳа барои пуршарафона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ифтихорномаву сипоснома, рутбаҳои низомӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *