Туҳфаи табиат ба беморони дил
Дил узви аз ҳама муҳим — муҳаррики ҷисми инсон мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд пеш аз ҳама барои солимии дил кӯшиш намояд. Ҳоло мо ба шумо дар бораи меваю сабзавоте маълумот медиҳем, ки барои солимӣ ва кори бонизоми дил ёрӣ мерасонанд.
Анор
Анор аз витаминҳои С, Е, А ва гурӯҳи витаминҳои В бой буда, бар замми ин, боз моддаҳои муфиди дигаре дорад, ки барои фаъолияти ҷисмонии инсон хеле зарур мебошанд. Анор сатҳи гемоглобинро дар хун баланд гардонида, гардиши хунро дар организми инсон ба низом медарорад. Оҳани дар таркиби ин меваи хуштамъ ва гуворо мавҷудбуда ба кори бонизоми дил ёрӣ мерасонад. Ба ғайр аз ин, анор дар таркибаш антиоксидантҳои фаъоле дорад, ки бо ҳуҷайраҳои саратонӣ мубориза мебаранд.
Банан
Банан манбаи асосии калий — моддаи аз ҳама зарурӣ барои кори бонизоми дил аст. Ба ғайр аз ин, банан аз оҳан бой буда, камхуниро пешгирӣ менамояд. Он дар муддати кӯтоҳ сатҳи гемоглобинро дар хун баланд намуда, кори дил ва рагҳои хунгарди онро ба танзим медарорад ва дар маҷмуъ ба тамоми организми инсон қуввату неруи тоза ато менамояд. Ногуфта намонад, ки банан дар таркибаш боз триптофан ҳам дорад. Ин модда асабониятро бартараф намуда, дили инсонро моломоли эҳсосоти гуворо мегардонад.
Хурмо
Хурмо аз витаминҳои С, Е, А ва дигар моддаҳои муфид бой аст. Ягон меваи дигар ба андозаи хурмо дар таркибаш магний надорад. Ин модда девораҳои хунгардро васеъ намуда, барои гардиши хуби кори дил ёрӣ мерасонад. Барои бартараф намудани камхунӣ рӯзе ҳамагӣ 1-2 дона хурмо хӯрдан кифоя мебошад. Барои дил натанҳо меваи тару тозаи хурмо, балки афшӯра, яъне шарбати он низ фоида дорад. Тирамоҳу зимистон метавонед хурмои хушккардашударо истифода баред.
Лимӯ
Лимӯ натанҳо барои солимии дил, балки барои кори бонизоми системаи эндокренӣ ва рӯдаву меъда низ зарур аст. Онро натанҳо барои пешгирӣ, балки дар якҷоягӣ бо доруву дармон баҳри табобати як қатор бемориҳои дил, аз қабили аритмия, тахикардия, бемории ишемиявии дил ва ҳатто норасоии кори дил низ истифода мебаранд. Гап дар сари он аст, ки лимӯ мушакҳои дилро пурқувват месозад. Хусусияти дигараш паст кардани фишори хун мебошад. Шахсоне, ки бемории фишорбаландии шараёнӣ доранд, бояд пайваста лимӯ хӯранд, то ки фишорашон баланд гашта, ба дил зиён нарасонад.
Помидор
Хоҳед, ки дилатон мисли соат бе танаффус кор кунад, ҳар рӯз помидор хӯред. Помидор гардиши хунро беҳтар намуда, системаи муҳофизатии организми инсон — иммунитетро пурқувват мегардонад. Дар таркиби помидор витаминҳои PP ва С зиёд буда, таппиши дилро ба низом медарорад. Ногуфта намонад, ки помидор натанҳо ба дил, балки ба рагҳои хунгарди он низ фоида дорад.
Каду
Барои тоза кардани организм, халосӣ аз холестерин ва гардиши хуби хун ёрӣ мерасонад. Каду дар таркибаш пектин дошта, хатари ба бемории атеросклероз гирифтор шуданро пешгирӣ менамояд. Шумо метавонед кадуро дар хӯроки худ истифода баред ё шарбати онро бинӯшед.
Пиёз
Пиёз махсусан барои миокард фоиданок аст. Он дар таркибаш магний, калий, калсий ва натрий дошта, атеросклерозро пешгирӣ мекунад. Рагҳои хунгардро аз холестерин тоза намуда, барои кори бонизоми дил кумак мекунад.
Сирпиёз
Касоне, ки ба иллатҳои дил гирифторанд, бояд шабона пеш аз хоб ҳатман сирпиёз хӯранд. Дар таркиби сирпиёз моддаҳои муфиде мавҷуданд, ки дар саломатии дил ва рагҳои хунгарди он нақши калидӣ доранд. Аллитсин ва фитонсидҳои дар таркиби сирпиёз мавҷудбуда мушакҳои дилро пурқувват намуда, таппиши онро ба низом медароранд.
Занҷабил
Занҷабил намудҳои гуногун дошта, барои дил хеле фоиданок аст, зеро дар таркибаш витамини С ва дигар микроэлементҳои муфид дорад. Антиоксидантҳои дар таркиби он мавҷудбуда кори тамоми узвҳои дохилии инсон, аз ҷумла дил ва рагҳои хунгарди онро ба низом медароранд. Ба ғайр аз ин, занҷабил капсаисин дорад, ки кори системаи дилу рагҳоро танзим менамояд. Боз як хосияти хуби занҷабил дар он аст, ки боқимондаҳои холестеринро ба пуррагӣ аз ҷисми инсон мебарорад. Флавоноидҳои занҷабил шуморо аз таъсири ногувори муҳити беруна муҳофизат менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ