Туҳмати гӯшношунид. Аз зарбаи телефон исқоти ҳамл имкон дорад?
Ба Раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён
Ба Прокурори генералии ҶТ, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Муҳтарам Раиси Суди Олӣ!
Муҳтарам Прокурори генералӣ!
Ба Шумо як нафар шаҳрванди Тоҷикистони ободу амн, як нафар зане бо дили афгор ва нобоварӣ ба инсону гуманизм муроҷиат мекунад, ки соҳиби фарзандони хурдсол асту дучори туҳмати гӯшношунид гашта, азоби виҷдон мекашад.
Ман, Эгамова Зарина Ҳодихоновна, соли таваллудам 1988, оиладор, соҳиби 3 нафар фарзанди хурдсол, зодаи ноҳияи Ҷайҳун, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, шаҳраки Суғдиён, дар муроҷиати худ ба Шумо маълум менамоям, ки рӯзи 5-уми сентябри соли 2022 тахминан соати 12:00 дар назди бинои 8-и шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент, ки истиқоматгоҳам мебошад, байни ман ва Раҷабова Парвина ном шахс, ки ҳардуямон дар ҶДММ КМ «Зарафшон» кор мекунем, баҳс рух дод. Баъди ҳамин баҳс Раҷабова П. нисбати ман туҳмат кард, ки гӯё ӯро зада, ҷароҳат расонида бошам ва дар натиҷа исқоти ҳамл кардааст. Ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуд. Дар ин асос нисбати ман санаи 29-уми ноябри соли 2022 аз тарафи муфаттишони бахши тафтишотии ШВКД бо моддаи 110, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ гузаронида шуд. Минбаъд бошад, кирдори ман бо моддаҳои 110, қисми 2, банди «к» ва 237, қисми 3, банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда шуда, ба ман бо моддаҳои зикргардида айб эълон карда шуда, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расонида шуд.
Бояд қайд намоям, ки тафтишоти пешакӣ ҳамчун асоси айбдории ман хулосаи экспертизаи судӣ-тиббии комиссионӣ аз 14-уми октябри соли 2022 таҳти №87 аз тарафи муассисаи давлатии Маркази экспертизаҳои судӣ-тиббии вилояти Суғдро ба инобат гирифтааст, ки мувофиқи ин хулоса дар маҷмуъ бо назардошти исқоти ҳамли ба миён омада дараҷаи шаҳрванд Раҷабова П. ба зарари вазнини ба саломатӣ расонида мансуб мебошад.
Ман чунин ақида дорам, ки хулосаи ташхиси судии комиссионии мазкур бо вайрон шудани талаботи қонунгузории мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои ман ба даст оварда шудааст ва он ғайриқонунӣ мебошад.
Аввал он ки қарор дар бораи таъин кардани экспертизаи мазкур бо вайрон намудани талаботи моддаи 153-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст. Мувофиқи талаботи қисми 1-и моддаи мазкур, дар сурати мавҷуд будани аломатҳои ҷиноятие, ки доир ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, мақомоти таҳқиқ ҳуқуқ дорад парвандаи ҷиноятиро оғоз намояд. Таҳқиқбаранда қоидаҳои Кодекси мазкурро ба роҳбарӣ гирифта, ҳаракатҳо, таҳқирнопазирии тафтишӣ ва дигар амалҳои мурофиавиро барои муқаррар ва мустаҳкам намудани изҳои ҷиноят мегузаронад, чунончи: азназаргузаронӣ, ёфта гирифтан, кофтуков, ҳабси муросилоти почта, хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд, гӯш кардан ва сабти гуфтугӯ, нишон додан барои шинохтан, шаҳодаткунонӣ, дастгиркунӣ ва пурсиши гумонбаршуда, ҷабрдида ва шоҳидон.
Мувофиқи қисми 1-и моддаи 186-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар бадани инсон ошкор кардани нишонаҳои махсус, осори ҷиноят, захмҳои ҷисмонӣ, муайян кардани ҳолати мастӣ ё дигар хусусият ва аломатҳое, ки барои парванда муҳиманд, ба шарте ки он муоина кардан (экспертиза)-ро тақозо накунад, мумкин аст шаҳодаткунонии гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё шоҳид амалӣ карда шавад.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки корманди таҳқиқот, яъне нозири минтақавӣ умуман ҳуқуқи таъин намудани экспертизаро надошт.
Дигар он аст, ки мувофиқи талаботи қисми 1-и моддаи 208-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муфаттиш ҳуқуқи таъин намудани экспертизаро дорад.
Мувофиқи қисми 4-и моддаи мазкур то фиристодани қарор ба муассисаи экспертизаи судӣ муфаттиш вазифадор аст, ки бо он гумонбаршударо шинос намояд ва ба ӯ ҳуқуқи дар моддаи 210-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо фаҳмонад.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман аз тарафи муфаттиш танҳо санаи 29-уми ноябри соли 2022 оғоз карда шудааст. Аз ин бармеояд, ки корманди таҳқиқот, яъне нозири минтақавӣ ҳуқуқ надошт, ки бе оғози парвандаи ҷиноятӣ экспертиза таъин кунад. Пас аз оғози парвандаи ҷиноятӣ муфаттиш худ мустақилона экспертизаи комиссионии судӣ-тиббӣ таъин накардааст. Бар замми он, дархости ҳимоятгари ман оид ба таъин намудани экспертизаи судӣ-тиббии комиссионии иловагӣ, ки барои парванда аҳамияти ҷиддӣ дорад, аз тарафи муфаттиш беасос рад карда шудааст, ки хилофи талаботи моддаи 175-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳолати мазкур дархост бояд қонеъ карда мешуд.
Инчунин, ман зимни шиносоӣ бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ низ айнан бо мазмуни боло, яъне таъин намудани экспертизаи судӣ-тиббии комиссионии иловагӣ, ҳамчун далели ғайриқобил ҳисобидани хулосаи эскпертизаи судӣ-тиббии комиссионӣ таҳти №87 аз 14-уми октябри соли 2022 ва бинобар дар кирдорам мавҷуд набудани аломати таркиби ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 110, қисми 2, банди «к» ва 237, қисми 3, банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод намудам, вале ин дархост низ беасос рад карда шуд.
Мувофиқи моддаи 375-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ чунин вайронкунии принсипҳо ва дигар муқаррароти умумии Кодекси мазкур ҳангоми пешбурди парванда эътироф карда мешавад, ки бо роҳи маҳрум ё маҳдуд кардани ҳуқуқҳои ба шахсони дар парванда иштироккунанда кафолатдодаи қонун, риоя накардани расмияти пешбурдаи судӣ ё бо роҳи дигар ба таҳқиқи ҳамаҷониба ва холисонаи ҳолатҳои парванда халал расонида, барои баровардани ҳукми одилонаи суд таъсир расонидаанд ё метавонистанд таъсир расонанд.
Агар экспертизаи судӣ-тиббии комиссионӣ пас аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ва аз тарафи муфаттиш таъин карда мешуд, агар муфаттиш бо қарори таъин намудани экспертиза маро шинос мекард, агар ман ҳуқуқҳои худро ҳамчун шахси гумонбаршуда зимни таъин намудани экспертиза истифода менамудам, пас фикр мекунам, ки талаботи қонун риояшуда ҳисоб мегардид.
Ба ғайр аз ин, бояд қайд намоям, ки хулосаи экспертизаи судӣ-тиббии комиссионӣ санаи 14-уми октябри соли 2022 ба итмом расида, он аз шаҳри Хуҷанд ба ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент санаи 19-уми октябри соли 2022 фиристода шудааст, ки далели ин гуфтаҳо мактуби муассисаи давлатии «Маркази экспертизаи тиббӣ-судӣ»-и вилояти Суғд аз 19-уми октябри соли 2022 мебошад. Агар ба матни хулосаи мазкур таваҷҷуҳ диҳем, чунин бармеояд, ки гӯё Раҷабова П. санаи 31-уми октябри соли 2022 (пас аз 15 рӯзи ба итмом расидани экспертиза ва пас аз 12 рӯзи фиристода шудани он ба ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент) дар шуъбаи ЭТС-и шаҳри Панҷакент аз шаҳодатгардонии иловагӣ гузаронида шудааст.
Дигар он аст, ки хулосаи судӣ-тиббии комиссионӣ таҳти №87 аз 14-уми октябри соли 2022 маълумотҳои ташхис доир ба таркиби хуни ба ном «ҷабрдида» Раҷабова П. аз санаи 2-юми ноябри соли 2022 (13 рӯз пас аз ба итмом расидани экспертиза ва 16 рӯз пас аз фиристода шудани хулосаи экспертиза ба ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент) оварда шудааст. Магар ин ҳама шубҳаовар нест, ки пас аз ба итмом расидани экспертиза ҷабрдида бо ташаббуси кадом нафаре (кӣ буданаш аниқ нест ва ин ғайриқонунӣ аст) боз ба шаҳодатгардонии иловагӣ гузаронида шудааст ва иловатан таҳлили хун кардааст.
Бояд бигӯям, ки ман Раҷабова П.-ро назадаам. Ба бемориҳои герпес ва цитомегаловирус гирифтор будани Раҷабова П. сабаби исқоти ҳамл намудани номбурда гардиданаш аз эҳтимол дур нест, ки ин ҳолат умуман мавриди ташхис қарор нагирифтааст. Инчунин, бояд қайд намоям, ки зимни таҳлили хуни Раҷабова П. дар таърихи 2-юми ноябри соли 2022 (пас аз чандин рӯзи ба итмом расидани экспертиза) ҷиҳати муайян намудани ҷой доштани бемории герпес таҳлил гузаронида нашудааст, ки низ шубҳаовар мебошад.
Мувофиқи талаботи қисми 3-и моддаи 243-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 175-и кодекси мазкур муфаттиш ҳуқуқ надорад ҳуқуқи қонеъ намудани дархостро дар бораи муайян кардани ҳолатҳое, ки барои парванда дорои аҳамият мебошанд, рад кунад. Дар чунин ҳолатҳо муфаттиш вазифадор аст тафтиши пешакиро пурра намояд, зимнан бо маводи парвандаи ҷиноятӣ шинос шудани иштирокчиёни дигари мурофиа ба ҳалли дархост ва дар сурати ҳал гаштани он ба гузаронидани тафтиш монеъ намешавад.
Бобати айби ба ман эълоншуда бо моддаи 237, қисми 3, банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки зимни баҳси байни ман ва Раҷабова П. ҷойдошта ягон хел ҳолати беэҳтиромии хоса ба ҷамъият ва меъёрҳои қабулшудаи ахлоқ ҷой надошт. Ман нисбати ягон кас беҳурматӣ зоҳир накардаам. Болои ин, ташаббускори баҳс низ худи ба ном «ҷабрдида» Раҷабова П. ба ҳисоб меравад.
Инчунин, илова карданӣ ҳастам, ки ман бо телефон ба сари Раҷабова П. назадаам. Агар бо телефон ба сари Раҷабова П. се-чор маротиба зарба зада мешуд (аз нишондодҳои Раҷабова П.), пас дар ин қисмати бадани номбурда ягон доғ пайдо мегардид.
Вале агар ба хулосаи экспертизаҳои гузаронидашуда нигарем, дар онҳо оиди дар ин қисмат гирифта шудани ҷароҳат умуман маълумот нест, чунки ман Раҷабова П.-ро на бо телефон, на бо ягон предмети дигар назадаам. Тафтишот телефонро ҳамчун предмети ба сифати яроқ истифодашаванда ҳисоб намуда, ба ман айб эълон кардааст, ки гӯё ман ҳаракати авбошонаро бо истифода аз предмети ба сифати яроқ истифодашаванда расонидаам. Ин нуқтаи назар низ нодуруст аст. Ман умуман ба Раҷабова П. ҷароҳати ҷисмонӣ нарасонидаам. Дар сурати ҷой доштани чунин ҳолат низ телефонро ҳамчун предмети ба сифати яроқ истифодашаванда ҳисобидан нодуруст аст.
Умуман, ҳукми Суди шаҳри Панҷакент аз 24-уми феврали соли 2023, ки дар асоси моддаи 67, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ба ман, яъне Эгамова Зарина Ҳодихоновна ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) солу 6 (шаш) моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои дорои низомаш умумӣ таъин кардааст, ноадолатонаву рӯякист.
Иловатан, зикри ин нукта лозим аст, ки аризаи ба ном “ҷабрдида” Раҷабова П. то суд расид. Аризаи ман бошад, “гум шуд”. Аризаи аз тарафи ман навишташуда беҷавоб монд. Магар барои ҷавоб гирифтан ба аризаи шикоятии худ дар прокуратура хешу табор доштан лозим аст? Пас, ман ба куҷо даъво кунам?
Чаро аз рӯйи аризаи шикоятии ман экспертизаи судӣ-тиббӣ гузаронида нашуд? Ба Прокуратураи генералӣ ариза навиштаму то ҳол ҷавобро интизорам. Бо нусхаи аризаи шикоятиам ба прокурори шаҳри Панҷакент муроҷиат кардам, то ҳол ҷавоб нест. Дар суд саволҳои аз тарафи ҳимоятгари ман пешниҳодшуда беҷавоб монданд. Ба суд ягон гинеколог ва судэкспертҳои хулосанавишта даъват карда нашуданд. Барои чӣ!?
Ба ҳамин хотир, хостам қазияи ман расонаӣ шавад, то дар асоси он мақомоти масъул ба мушкилотам расидагӣ намоянд ва ба мавзуи мазкур баҳои асоснок, боадолатонаву воқеӣ диҳанд.
Зарина ЭГАМОВА,
сокини шаҳри Панҷакент, шаҳраки Суғдиён, модари 3 нафар фарзанди хурдсол
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ