“Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” ҷамбаст шуд. Ғолибон муайян гардиданд

Санаи 20-уми декабр дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупории озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор гардид. Ба 33 нафар ғолибони ҳамаи номинаю бахшҳо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Озмуни мазкур тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдоду ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе равона гардидааст.

Озмун аз рӯйи номинаҳои «Эҷоди шеъри беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе», «Қироати беҳтарини шеър дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе», «Иҷрои суруди беҳтарин дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе» ва «Иҷрои суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе» гузаронида шуда, дар он довталабон аз рӯи категорияҳои аз 11 то 17-сола, аз 18-сола боло ва эҷодкорони касбӣ ширкат намуданд.

Аз 1278 нафаре, ки дар даври ноҳиявии ин озмун иштирок намуда буданд, 160 нафарашон ба даври шаҳрӣ роҳхат пайдо намуда, 33 нафар аз рӯйи ҳамаи номина ва бахшҳо ғолиб дониста шуданд.

Ғолибони ҷойи якум бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 000, ҷойи дуюм 20 000 ва ҷойи сеюм 10 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *