Ту-154 боқимондаи ҷасадҳо пайдо шуданду сабаби сукути ҳавопаймо не
Қисмити тахрибшудани Ту-154- и Вазорати дифои Русия далели ин аст, ки сарнишинон мехостанд ҳаворпайморо дар об шинонанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаҳои худ гузориш додааст. То ҳол гурӯҳҳои ҷустуҷӯ пораҳои ҳавопайморо бо шумули болу думи он пайдо карданд.
Ин хабаргузорӣ қаблан гуфт, ки як ҳавопаймои ҳомили боқимондаи ҷасадҳо ба Маскав расид. Як ҷасад шиносоӣ шудааст, аммо номаш эълон нашудааст. Қабалан хабаргузории «Интерфакс» гуфт, ки дар макони суқути ҳавопаймо боқимондаҳои ҷасади 80 мусофир ошкор шуд. Баъзе матбуоти дигар дар бораи ёфт шудани ҷасади командири сарнишинон Роман Волков хабар дод. Тасдиқи расмии ин хабар дастрас нест ва амалиёти ҷустуҷӯ идома дорад.
Ҳавопаймои ТУ-154 субҳи 25 декабр ҳангоми боло шудан ба ҳаво бо 92 нафар суқут кард. Аксари онҳо ҳунармандони дастаи ба номи Александров буданд. Дар ин ҳодиса раҳбари бунёди «Кӯмаки одилона» Елизавета Глинкина, маъруф бо номи Доктор Лиза ва хабарнигорон низ қурбон шуданд. Ҳавопаймо озими Сурия буд.
Хадамоти амнияти Русия фарзияи амали террористиро рад мекунад. Ин ниҳод нуқси муҳаррик, сӯзишвории бесифат, мушкилоти фаннӣ ва иштибоҳи сарнишинро аз сабабҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймо медонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ